Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти хабарнигорони варзиши Тоҷикистону Покистон


19-уми июл дар шаҳри Душанбе, дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мулоқоти хабарнигорони риштаи варзиши кишвар бо ҳамкасбонашон аз Покистон баргузор шуд.

Саид Алӣ Навоз Гелонӣ, раҳбари гурӯҳи хабарнигорони покистонӣ, дар ин мулоқот гуфт: «Ба гурӯҳи мо 17 нафар шореҳону аккосони риштаи варзиш шомиланд. Дар тӯли сафари серӯза мо аз якчанд иншооти варзишию сайёҳӣ ва ҷойҳои таърихию зебоманзари Тоҷикистон дидан кардем. Мо аз сафари худ ба Тоҷикистон ва, бахусус, аз вохӯрӣ бо ҳамкасбони худ хеле хушҳолем. Мо ба Ҳукумати Тоҷикистон ва сафоратҳои ҳарду кишвар барои ташкили ин сафари судбахш изҳори сипос менамоем ва гурӯҳи ҳамкасбони худро аз Тоҷикистон барои шиносоӣ бо кишварамон ба Покистон даъват мекунем».

Нарзулло Латифов, раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон, иброз дошт, ки нахустин мулоқоти хабарнигорони соҳаи варзиш барои табодули таҷрибаи корӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои минбаъдаи хабарнигорони ҳарду кишвар мусоидат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG