Пайвандҳои дастрасӣ

Дар бисёре аз мактабҳои Шаҳритус, Носири Хусрав ва Қубодиён забони давлатӣ таълим дода намешавад. Ҳазорон наврас ва баъзе аз муаллимони онҳо забони давлатиро намедонанд.

Дар навоҳии Шаҳритусу Носири Хусрав ва Қубодиён, ки бо ҷануби Узбакистон ҳамсарҳаданд, садҳо ва шояд ҳазорҳо ноболиғ ба тоҷикӣ харф зада натавонад, чун на дар ҳама мактабҳо забони давлатӣ таълим дода мешавад.

Мунира Ҷӯраева, омӯзгори мактаби рақами 13-и ноҳияи Шаҳритус, ки дар воқеъ, забони тоҷикиро намедонад, мегӯяд:

«Кӯдакон дар мактаби мо бисёр хуб таълим мегиранд, омӯзгорони зиёде дорем, ки дорои маълумоти олӣ ҳастанд. Ба муҳассилин, ки ҳама узбактаборанд, забони тоҷикӣ ҳам омӯзонида мешавад. Ҳоло онҳо забони тоҷикӣ, забони давлатиро хуб медонанд. Мо, омӯзгорон, низ кӯшиш мекунем, ки насли нав забони давлатиро балад бошад ва ба давлат хизмати содиқона кунад…»

Юлдош Аҳмадов, сарвари яке аз дигар мактабҳои узбакии ноҳияи Шаҳритус, мегӯяд, камбуди адабиёти таълимӣ ва норасоии омӯзгорони ҳирфаии забони тоҷикӣ аз сабабҳои аслии камдонишии толибилмон ва надонистани забони давлатӣ мебошад:

«Ин ҷо муаллимони касбӣ нестанд. Натанҳо дар мактаби мо, балки дар бисёр мактабҳои минтақа. Ҳамин муаллимони узбаке, ки тоҷикиро кам-кам медонанд, дарс медиҳанд аз забони давлатӣ. Мумкин вайҳо пурра фаҳмонда наметавонанд дарсро, барои ҳамин кӯдакон ҳам забони тоҷикиро хуб намедонанд. Ҳамин хел проблема дар мактабҳои мо ҳаст. Лекин дар мактаби мо як муаллим ҳаст, ки вай як синфи ибтидоиро то синфи 4 ба тоҷикӣ таълим дода истодааст. Дар ҳамин синф қариб ҳама хонандаҳо ба тоҷикӣ ҳарф зада метавонанд. Ин муваффақияти калон аст…»

Ин ҳама дар ҳолест, ки ба иддаои Лутфия Роибова, муовини сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон, заминаи тоҷикидонии бахши аъзами муҳассилини синфҳои узбакӣ дар Хатлон бисёр заиф мебошад, дар ҳоле ки тибқи қонун, омӯзиши забони давлатӣ дар куллия муассисоти таълимӣ ҳатмист.

Барномаҳои вижа барои мактабҳои узбакӣ

Ба иттилои идораи маорифи вилояти Хатлон, феълан дар минтақаи ҷануби кишвар наздики 130 ҳазор нафар дар мактаб ва синфҳои забони таълимашон узбакӣ таҳсил мекунанд.

Хонум Роибова афзуд, ба хотири беҳсозии сифати таълими забони давлатӣ дар макотиби ғайритоҷикӣ барномаҳои вижае роҳандозӣ шудаанд:

«Дар назди мактабҳо маҳфилҳои фаннии забони давлатӣ, забонҳои русӣ ва англисӣ кушода шуда истодаанд, фаъолият доранд. Ҳамчунин ҳама мудирони шӯъбаҳои маорифи шаҳру навоҳӣ, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ вазифадор карда шудаанд, ки барои
Лутфия Роибова, муовини сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон
ҷалби мутахассисони хуби омӯзгорӣ, бавижа муаллимони забону адабиёти тоҷик дар синфхона ё мактабҳои узбакию русию туркманӣ тамоми фишангҳо ва имкониятҳояшонро истифода кунанд…»

Дар ҳамин ҳол, ба сабаби камбуди адабиёти таълимии узбакӣ ва ноқаноатмандӣ аз сифати таълим дар мактабҳои узбакӣ, дар солҳои ахир шумори қобили мулоҳизаи узбактаборони маҳаллӣ фарзандонашонро ба синфҳои тоҷикӣ супурдаанд.

Таваҷҷӯҳ ба забони давлатӣ бештар мешавад

Малика Отахонова, як сокини узбактабори шаҳри Қӯрғонтеппа, мегӯяд, ҳарчанд худаш мактаби узбакиро хатм кардааст, ҳоло бо таваҷҷӯҳ ба ин ки забони таълим дар ҳама донишгоҳҳои кишвар тоҷикист, фарзандонашро ба мактабҳои тоҷикӣ додааст:

"Барои он ки мо дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунему забони давлатӣ тоҷикист. Дар ҳама ҷо шарти қабул ба кор донистани ҳатмии забони давлатист. Таълим дар ҳама донишгоҳу донишкадаҳои кишварамон ба забони тоҷикӣ сурат мегирад. Агар писаронамро ба синҳои тоҷикии мактаб намедодам, онҳо дар Тоҷикистон маълумоти олии босифат гирифта наметавонистанд. Боз забон ҳамин хел пеш рафта истодааст, ки намефаҳмӣ калимаҳоша. Барои ҳамин кӯдакон азоб накашанд дар оянда гуфта, онҳоро мактаби тоҷикӣ равон кардем.."

Дастури ғайрирасмӣ?

Ин ҳама дар ҳолест, ки ба эътиқоди ҷомеаи узбактаборони минтақа, кадом як дастури ғайрирасмие аз ҷониби мақомоти омӯзишу парвариш дар Хатлон роҳандозӣ шудааст, ки кӯдакони узбактабор иҷборан ба синфҳои тоҷикӣ қабул карда шаванд.

Зебониссо Сатторова, устоди донишгоҳи Қӯрғонтеппа ва ҳамзамон узви раёсати ҷамъияти узбактаборони Хатлон, дар ин иртибот мегӯяд, ҳамакнун бисёре аз узбактаборон ноилоҷ барои таҳсили фарзандонашон синфҳои тоҷикиро интихоб мекунанд:

«Албатта, ҳар як нафар бояд забони давлатиро донад, эҳтиром кунад. Аммо ихтисори синфҳои узбакӣ хуб нест, ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ набояд нодида гирифта шавад. Баъзе муаллимаҳо ҳатто чунин шикоят ҳам мекунанд, ки агарчанде ягон қарор ё амри расмие содир нашудааст, ба онҳо мегӯянд, ки ба синфҳои ибтидоии узбакӣ хонандаҳо қабул карда нашаванд…»

"Мактаби узбакӣ набошад, русӣ беҳтар аст, тоҷикӣ оянда надорад"

Амон Темиров, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, низ мегӯяд, ба он сабаб, ки барои таҳсили фарзандонаш мактаби хуби узбакӣ наёфтааст, вай онҳоро ба мактаби русӣ супурдааст, чун ояндаи фарзандонашро дар Тоҷикистон намебинад:

«Ману ҳамсарам узбак бошем ҳам, дар мактабҳои олии русӣ таҳсил кардаем ва хуб дарк мекунем, ки маълумоти миёнаю олӣ гирифтан ба забонҳои тоҷикӣ ё узбакӣ ба дард намехӯрад. Ҳозир пул бошад, ба дилхоҳ забон дар дилхоҳ ҷой таҳсил кардан мумкин. Зеро бо ин забонҳо дар хориҷ аз кишвар ҷое рафтан намешавад, коре пайдо кардан мушкил мешавад. 90 дарсади ҷавонони узбак, ки маълумоти олӣ доранд, ҳоло кори давлатӣ надоранд, ба соҳибкорӣ машғул ҳастанд, ё ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд. Аз ин рӯ, мо бачаҳоро ба гимназияи русии шаҳри Душанбе додем. Талаби замон ҳамин аст, ба назарам, бояд воқеӣ баҳо диҳем…»

Ва аммо коршиносони маҳаллӣ ишора мекунанд, ки таълим дар синфҳои ғайритоҷикию узбакӣ ҳам беҳбуд мехоҳад. Таҳлилгари тоҷик Сайраҳмон Назриев мегӯяд, вазъи таҳсили ақаллиятҳои миллӣ, аз ҷумла русҳо ҳам, ки шумораи муҳассилонашон дар синфҳои русӣ ба дувуним ҳазор нафар мерасад, беҳтар аз узбакҳо нест.

Роҳи ҳалл кадом аст?

Биноан, ба иддаои ҷаноби Назриев, мебояд ба қасди беҳсозии сифати таълим ва таҳсилу донишандӯзии босифати ақаллиятҳои миллӣ, шумори синфҳои ғайритоҷикӣ ҳадди аксар коҳиш дода шавад:

«Ба хотири ояндаи таъмини худи ҷавонон аз ақаллиятҳои миллӣ, хуб мешуд, ки таълим дар мактабҳо пурра ба забони тоҷикӣ роҳандозӣ мешу два дар ин баробар, соатҳои дарсии алоҳида барои соҳибони забон, яъне узбакҳо ва туркманҳои муқимӣ аз забони модариашон ташкл дода мешуд. Зеро имрӯз мактабҳои узбакиву туркманӣ бо норасоии шадиди омӯзгорони касбӣ мувоҷеҳ ҳастанд, вазорати маориф адабиёти таълимӣ ба ин забонҳоро нашр накардааст, ҳама китобҳо кӯҳнаанд, намерасанд, барномаи дурусти таълимӣ дар чунин таълимгоҳҳо ҷорӣ нашудааст, сифати таълим хуб нест. Ҷавононе, ки мактабҳои узбакиро хатм мекунанд, чӣ бояд кунанд? Донишгоҳҳо ҳама ба забони тоҷикӣ ё русӣ ҳастанд. Мутахассисони омӯзгорро барои синфҳои узбакиву туркманӣ дар куҷо бояд тайёр кунанд?»

Ва аммо устоди донишгоҳи Қӯрғонтеппа, дотсент Зебониссо Сатторова, роҳи ҳалли мушкили мактабҳои узбакиро на дар бастани онҳо мебинад:

«Агар муносибатҳои байни Тоҷикистону Узбакистон хуб мешуд, ақаллан 50-100 ҷавони узбактабори хатлонӣ имкон пайдо мекарданд, ки дар донишгоҳҳои омӯзгории Тирмиз ё Қаршии Узбакистон, ки ба мо наздик ҳастанд, таҳсил мекарданд, ва баръакс, тибқи квота, ҷавонони тоҷик аз маҳалҳои тоҷикнишини Узбакистон дар донишгоҳҳои мо таҳсил мекарданду омӯзгор мешуданд, мушкили таълим дар мактабу синфҳои майдамиллатҳо дар ҳарду кишвар то ҷое ҳал мешуд…»

Чунин ба назар мерасад, ки бахши аъзами узбактаборон моиланд, ки мактабҳо ва синфҳои забони таълимашон узбакиро ҳифз кунанд, аммо ҳамзамон мехоҳанд фарзандашон таҳсилкарда ва соҳиби дониши хубу шоиста бошад, ки бо таҳсил дар чунин макотиб, феълан гирифтани маълумоти хуб ғайриимкон ба назар мерасад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG