Пайвандҳои дастрасӣ

Ба назар мерасад, ки Кремл аз раисиҷумҳури Белорус Александр Лукашенко “безор” шудааст. Тайи ду моҳи ахир, ки миёни Маскаву Минск “ҷанги газӣ” идома дошт, телевизионҳои ду кишвар бо пахши барномаҳои вижа ва филмҳои мустанад ба сабқати ҳарчӣ бештар сиёҳ кардани мақомоти ҳамдигар шурӯъ карданд.

Александр Лукашенко солҳо аз ҳампаймонҳои содиқ ва мӯътамади Маскав дар қаламрави шӯравии собиқ буд. Ва аммо ба гуфтаи коршиносон, солҳои ахир, ба вижа, баъд аз сарпечияш аз пазируфтани истиқлоли Абхозистон ва Осетияи ҷанубӣ - ду ҷумҳуриии ҷудоихоҳи Гурҷистон ва пойфишорияш барои пойин бурдани қиммати гази Русия барои Белорус, ӯ ба як дарди сари ҷиддӣ барои мақомоти Русия табдил шудааст.

“Падари рӯҳонии Белорус”

Аввалин нишонаи хашми Кремл рӯзи 4 июл зуҳур шуд – шабакаи телевизионии НТВ, ки мансуб ба ширкати “Газпром” аст, бахши аввали филм дар бораи Александр Лукашенко - “Падари рӯҳонии Белорус”-ро пахш кард. Дар ибтидои ин филм муаллифон ишора карданд, ки то моҳҳои наздик матбуоти Ғарб Лукашенкоро “охирин диктатор ё мустабиди Аврупо” ном мебурд ва ӯро бо Гитлеру Сталин қиёс мекард.

Дар бахши аввал муаллифон ба мавзӯъи бенишон ғайб задани фаъолони мухолифин дар охирҳои солҳои 90-ум руҷӯъ карданд ва ҳадс заданд, ки ҳамаи ин афрод аз сӯи ҳукумат террор шудаанд. Дар филм ба ҳаёти хусусии Лукашенко низ дахл ва ба миллиардҳо доллар кумаки Русия ба Белорусия таъкид шудааст.

Даҳ рӯз баъд дар посух ба ин филм телефизионии давлатии Белорус мусоҳиба бо Михаил Саакашвилӣ, раисиҷумҳури Гурҷистон ва яке аз рақибони сарсахти Кремлро, пахш намуд. Михаил Саакашвилӣ аз Александр Лукашенко барои сарпечияш аз пазируфтани истиқлоли Абхозистон ва Осетияи ҷанубӣ арзи сипос кард ва мақомоти Русияро дар ҷанги иттилоотӣ алайҳи Белорус айбдор намуд.

Раисиҷумҳури Гурҷистон бо ишора ба куштори хабарнигори маъруф Анна Политковская ва вомии ҳуқуқи башар Наталя Эстемирова гуфт, ки Русия ягон ҳаққи интиқоди поймолсозии ҳуқуқи башар дар дигар кишварҳоро надорад.

“Сиёҳсозӣ” ба хотири аз сиёсат канор андохтани Лукашенко?

Баъд аз нашри мусоҳибаи Саакашвилӣ аз тариқи телевизиони Минск шабакаи НТВ қисмати дуввуми филми “Падари рӯҳонии Белорус”-ро пахш кард ва ин дафъа аз робитаҳои Лукашенко бо сармоядори фирорӣ Борис Березовский ва раисиҷумҳури баканоршудаи Қирғизистон Қурмонбек Боқиев ёдовар шуд.

“Сиёҳсози”-и ҳамдигар баъд аз баҳси қимати газ дар моҳи июн шурӯъ шуд. Ва он ҳам дар ҳоле, ки Александр Лукашенко барои бори чаҳорум дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ ширкат кардан омодагӣ мегирад. Интихоботи президентии Белорус авоили соли оянда баргузор хоҳад шуд.

Алексей Янукевич, раҳбари Ҷабҳаи халқии Белорус мегӯяд, ки филмҳои мустанад дар телевизионҳои Русия намоиши талошҳои Маскав барои аз сари қудрат барканор кардани Лукашенко мебошад.

Ӯ мегӯяд: “Ба назар мерасад, ки Кремл тасмим гирифтааст дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ аз Лукашенко пуштибонӣ накунад. Ба ҳар сурат ин ба Русия барои заъиф кардани Лукашенко кумак мекунад. Сиёсает, ки Кремо пеш мебарад, бояд Лукашенкоро заъиф ва ӯро таҳқир кунад. Филми “Падари рӯҳонии Белорус” баёнгари он аст, ки ҳамлаҳои иттилооти пайваста идома хоҳад кард”.

Маскав аз Козулин пуштибонӣ хоҳад кард?


Бархе аз коршиносон ба он нукта ишора мекунанд, ки дар филмҳои мустанад аз раҳбари мухолифини Белорус ва яке аз рақибони Лукашенко дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2006 Александр Козулин зиёд ном бурда шудааст. Андрей Динко, сардабири нашрияи “Наша нива”, чопи Минск ҳадс мезанад, ки шояд ин баёнгари аз сӯи Маскав пуштибонӣ шудани номзадии Козулин дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2011 бошад.

Леонид Зайка, раиси марказии таҳлилии Стратегия, мақараш дар Минск, низ мегӯяд, ки Кремл “амалиёти нозук”-и аз мақом рондани Лукашенкоро таҳия кардааст. Ӯ меафзояд, ин амалиёт дар ҳоле муваффақ хоҳад шуд, ки Брюссел ва Вошингтон бо Маскав ҳамдастӣ кунанд.

Ӯ мегӯяд: “Агар Брюссел, Вошингтон ва Маскав якҷоя натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳурии Белоорусро эътироф накунанд, он гоҳ вазъи комилан дигар хоҳад шуд. Ба онҳо кори дигареро анҷом додан зарур нест. Онҳо ба ягон сӯиқасд ниёз надоранд, ягон хел намоишҳои хиёбонӣ ҳам зарур нест. Кремл метавонад аз рӯи қонун ва дар чаҳорчӯби Қонуни асосӣ амал намояд”.

Дар ҳамин ҳол Павел Шеремет, сиёсатшиноси нашрияи “Коммерсант” чопи Маскав мегӯяд, ки ӯ ба сару садоҳо дар бораи таҳия шудани тарҳи Кремл барои тағйири режим дар Белорус мутмаин нест ва эҳтимолан мақомоти Русия мехоҳанд Лукашенкоро тарсонанд ва ӯро ба як сиёсатмадори гапдарову фармонбардор табдил кунанд.

Ӯ ҳадс мезанад, ки дар сурати гапдаро шудани Лукашенко дар робита ба Иттиҳодияи гумрукӣ ва иттиҳоди сиёсӣ бо Русия ӯ дар мақомаш боқӣ хоҳад монд ва касе дар роҳи пирӯзии навбатияш дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ ҳам монеъа эҷод нахоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG