Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири сармоягузории Покистон, Салим Мандвивала пас аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, кишвараш мехоҳад, аз тариқи Долони Вахон ба Тоҷикистон роҳ боз кунад.

Роҳи нав, ки қарор аст, ноҳияи Чатроли Покистонро ба воситаи Бадахшони Афғонистон ба ноҳияи Ишкошими Тоҷикистон васл кунад. Дар ҳоли ҳозир, танҳо тарҳи нақби Лаварӣ бо тӯли 82 километр омода буда, қарор аст, онро худи Покистон бисозад. Тарҳи фаннии бақияи роҳ дар ҳоли омода шудан аст. Ҷаноби Мандвивала гуфт, ин роҳ барои ҳамаи кишварҳои минтақа муҳим хоҳад буд.

Бунёди ин шоҳроҳ, ки қарор аст, 250 километр дарозӣ дошта, аз тарафи Бонки рушди Осиё сармоягузорӣ шавад, барои Тоҷикистон, ки бо вуҷуди ифтитоҳи бархе аз роҳҳои алтернативӣ дар бунбасти коммуникатсионӣ ба сар мебарад, аҳамияти зиёд хоҳад дошт ва қаблан низ мақомоти Тоҷикистон аз ин тарҳи Покистон ҳимоят кардаанд.

Роҳи нав Тоҷикистонро на танҳо бо Покистон, балки бо Ҳиндустон низ васл хоҳад кард. Мақомоти покистонӣ гуфтаанд, шоҳроҳи нав метавонад дарвозае барои кишварҳои Осиёи Марказӣ бошад ва дар робитаҳои иқтисодии минтақа инқилоберо ба вуҷуд хоҳад овард.

Гуфтугӯе бо Раиси Шӯрои роҳсозони Иттиҳоди давлатҳои муштаркулманофеъ дар Маскав, академики Академияи нақлиётии Русия, Бӯрӣ Каримов роҷеъ ба тарҳи ин роҳ. Ӯ ба пурсишҳои мо роҷеъ ба ин тарҳ ва аҳамияти он посух медиҳад.

Мусоҳиба бо Бӯрӣ Каримовро ин ҷо метавонед бишнавед:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG