Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдори Юнисеф аз вусъати HIV дар Осиёи Марказӣ


Бунёди кӯдаки Созмони Милали Муттаҳид ё Юнисеф ҳушдор додааст, ки сирояти ангали HIV дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ "вусъат меёбад ва ба сатҳи хатарнок расидааст." Ин ниҳоди Созмони Милал мегӯяд, истеъмоли маводи мухаддир ва муносибатҳои хатарноки ҷинсӣ ин афозишро ба маротиб бештар кардаанд. Мушкил боз аз он лиҳоз сангинтар мешавад, ки кӯдакони мубтало ба вируси норасоии масунияти бадан бино бар бархӯрди носолими ҷомеа аз муолиҷа канор мемонанд. Ҳушдори Юнисеф дар рӯзҳои конфаронси байнулмилалии зидди СПИД/AIDS дар Вена ба нашр расидааст.
XS
SM
MD
LG