Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷашнвораи байнулмилалии "Боми Ҷаҳон" дар Хоруғ


Дар Хоруғ, пойтахти Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон бо ширкати намояндагони Афғонистон, Қирғизистон, Покистон, Чин ва Тоҷикистон ҷашнвораи байнулмилалии "Боми Ҷаҳон" баргузор гашт. Дар он дастаҳои ҳунарии фолклорӣ рақс ва таронаҳои мардумиро ба иҷро расонданд ва ҳамчунин намоиши дасткори ҳунармандони мардумӣ садҳо бинандаро ба худ ҷалб кард. Имсол дар ин ҷашнвора инчунин чанд филми мустанади этногарфӣ намоиш дода шуд. Соли савум аст, ки ҷашнвораи байнулмилалии "Боми Ҷаҳон" ҳунармандонро аз кишварҳои атроф ҷамъ меорад ва акнун ҷашнвора шакл ва низоми муайянеро касб кардааст.
XS
SM
MD
LG