Пайвандҳои дастрасӣ

Шикояти Русия аз ҳабси як шаҳрвандаш дар Амрико


Русия аз боздошти як шаҳрвандаш дар Либерия ва интиқоли ӯ ба қаламрави Иёлоти Муттаҳида шикоят кард. Вакили ин марди боздоштшуда, Александр Боженко мегӯяд, халабони ҳавопаймо Константин Ярошенко 28-уми май дар яке аз меҳмонхонаҳои Монровия, пойтахти Либерия аз тарафи нерӯҳои махсуси Иёлоти Муттаҳида боздошт ва ба Амрико бурда шудааст. Консули Русия дар Ню Йорк, Андрей Юшманов гуфтааст, сафорати Русия дар Вошингтон дар ин бора ба мақомоти Амрико нота фиристодааст. Хабаргузориҳо мегӯянд, марди боздоштшуда ба қочоқи маводи мухаддир гумонбар шудааст.
XS
SM
MD
LG