Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Сурия бастани ниқоб дар донишгоҳҳо мамнӯъ шуд


Мақомоти расмии Сурия пӯшидани ниқобро дар донишгоҳҳо мамнӯъ эълон кардаанд. Аммо қонуни нав ба рӯймол ё рӯсарӣ, ки либоси бисёре аз занони Сурия мебошад, дахл намекунад. Як мақоми вазорати маорифи Сурия гуфт, чунин тадбир барои ҳимоят аз низоми дунявии Сурия аст ва он ҳам ба донишгоҳҳои хусусӣ ва ҳам ба донишгоҳҳои миллӣ тааллуқ дорад. Ҳукумат садҳо омӯзгори мактабҳои ибтидоиро барои пӯшидани ниқоб ҷазои маъмурӣ дод.
XS
SM
MD
LG