Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйир дар Қонуни кайфарии Тоҷикистон


Бино бар тағйир дар Қонуни кайфарӣ ё Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, шахсоне, ки дар ҷиноятҳои иқтисодӣ ё маъмурӣ маҳкум шудаанд, метавонанд бо пардохти маблағ аз зиндон озод шаванд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ахиран бар асоси тағийру иловаҳо ба Қонуни кайфарии Тоҷикистон нафаре, ки даст ба ҷинояти иқтисодӣ мезанад, бо пардохти зарари расонида ва маблағи муайяне барои ҳар рӯзи мӯҳлати муқарраршудаи ҷазо ба маҳбас кашида намешавад. Ин қонун ҳамчунин дар мавриди маҳкумшудагоне, ки бахше аз давраи ҷазои худро пушти сар карданд низ татбиқ мешавад.
XS
SM
MD
LG