Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди Ҳилларӣ Клинтон аз Кобул оғоз шуд


Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷаи Амрико барои гуфтугӯ бо Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон ва барои ширкат дар конфронсе роҷеъ ба сарнавишти ояндаи Афғонистон вориди Кобул шуд. Қарор аст хонум Клинтон бо генерал Дэвид Петреус-фармондеҳи нируҳои Амрико ва НАТО дар Афғонистон низ мулоқот кунад. Конфронс рӯзи сешанбе оғоз мешавад ва ҳамраисии онро Ҳомид Карзай ва Бан Ки Мун-Дабири Кулли СММ бар ӯҳда хоҳанд дошт. Бан Ки Мун-Дабири Кулли СММ аз Ҳомид Карзай дархост кард, ки дар конфронси кишварҳои кӯмаккунанда барои беҳбуди шеваҳои мудирият дар умури идорӣ ва мусолиҳаи миллӣ дар Афғонистон "иқдомот"-и мушаххас пешниҳод кунад. 70 намояндаи байналмиллалӣ ва 40 вазири корҳои хориҷаи кишварҳои мухталиф ба сарпарастии Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷаи Амрико дар конфронс ширкат хоҳанд дошт. Ин конфронс навъе идомаи конфронси Лондон хоҳад буд, ки дар моҳи январи соли ҷорӣ баргузор шуда буд.
XS
SM
MD
LG