Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости Мун аз Карзай барои конфронси Кобул


Бан Ки Мун-Дабири Кулли СММ аз Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон дархост кард, ки дар конфронси кишварҳои кӯмаккунанда, ки рӯзи сешанбе оғоз мешавад, барои беҳбуди шеваҳои мудирият дар умури идорӣ ва мусолиҳаи миллӣ дар Афғонистон "иқдомот"-и мушаххас пешниҳод кунад. Бан Ки Мун дар ин конфронс бо Ҳомид Карзай ҳамраиси конфронси мазкур хоҳанд буд. Оқои Мун гуфт, сарнавишти ояндаи Афғонистон дар миёни маҳофили байналмиллалӣ ва дар СММ масъалаи дорои аҳамияти вижа боқӣ хоҳад монд. 70 намояндаи байналмиллалӣ ва 40 вазири корҳои хориҷаи кишварҳои мухталиф ба сарпарастии Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷаи Амрико дар конфронс ширкат хоҳанд дошт.
XS
SM
MD
LG