Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олмон ба Бонки Эрон дар Ҳамбург расидагӣ мекунад


Мақомоти расмии Олмон мегӯянд, ба иддаое расидагӣ мекунанд, ки як бонки эронӣ дар Ҳамбург бо ширкатҳое ҳамкорӣ мекунад, ки дар феҳристи сиёҳи ширкатҳои эронӣ ҷой дода шудаанд. Рӯзномаи "Wall Street Journal"-чопи Амрико дар шумораи имрӯзи худ аз қавли як манбаъ навиштааст, Бонки тиҷоратии Аврупо-Эрон AG аз ҳамкорӣ бо ширкатҳое, ки бо низомиёни Эрон ва барномаҳои мушакҳои бодори Эрон иртибот доранд, беш аз 1 миллиард доллар пул ба даст овардааст. Рӯзнома аз ин манбаъ ном набурдааст. Бино ба гузоришҳо, ин ширкатҳо бо баъзе бахшҳо дар Созмони дифои санъатии Эрон ва бо Горди посдорони инқилоби Эрон иртибот доштаанд. Олмон бузургтарин тарафи тиҷоратии Эрон дар Аврупо мебошад.
XS
SM
MD
LG