Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти нави Бошқирдистон мардумро нируи бузург медонад


Бошқирдистон, ки ҷумҳурии аслан мусулмоннишини Русия мебошад, номзади пешниҳодии Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русияро ба мақоми раёсати ҷумҳурии Бошқирдистон ба тасвиб расонд. Рустем Хамитов ба ҷои Муртазо Раҳимов раиси ҷумҳури нав интихоб шуд. Хамитов баъд аз интихобаш гуфт:

"Ман дарк мекунам, ки чӣ масъулияте бар дӯши ман хоҳад омад. Ман мебинам, ки 4,5 миллион нафар аҳолӣ нируи бузурганд, ки метавонанд корҳои зиёде анҷом диҳанд".


Раҳимов рӯзи панҷшанбеи гузашта баъд аз 17 соли раёсат аз мақомаш истеъфо дод. Хамитов то ҳол муовини раиси "Русгидро"-бузургтарин ширкати тавлиди энержии Русия буд. Медведев аз насли ҷавони раҳбарияти Бошқирдистон даъват кард, ки бар зидди ришвахорӣ мубориза кунанд. Аммо мунаққидон мегӯянд, Кохи Кремл талош дорад тамаркузи қудрат дар минтақаро таъмин кунад. Бошқирдистон яке аз бузургтарин минтақаҳои Русия ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG