Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикояти Аҳмадинажод аз Амрико ва НАТО


Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод Амрико ва нерӯҳои НАТО-ро ба ҳамкорӣ бо гурӯҳи «Ҷундуллоҳ» - масъули таркишҳои маргбори ахир дар шаҳри Зоҳидон муттаҳам кардааст. Давлати Эрон эълон кардааст, ки дар ин робита ба созмонҳои байнулмилалӣ шикоят хоҳад бурд.

Маҳмуди Аҳмадинажод, президенти Эрон, зимни суханронӣ дар як ҷаласаи ҳайати давлат гуфтааст, нерӯҳои амрикоӣ ва НАТО дар Покистон «ба террористҳо кумаки молӣ ва таҷҳизотӣ мекунанд».

Вай ҳамчунин Покистонро, ки бештари намояндагони гурӯҳи тундрави «Ҷундуллоҳ» дар ин кишвар мустақаранд, дар таркишҳои Зоҳидон посухгӯ номидааст ва аз вазорати хориҷаи Эрон хостааст, ки аз тариқи давлати Покистон таҳқиқи ин мавзӯъро пайгирӣ кунад.

Амрико то ҳол ба ин иддаоҳои Теҳрон вокуниш нишон надодааст. Қаблан Барак Обама бо судури як баёния таркишҳои хунбор дар масҷиди ҷомеи шаҳри Зоҳидони Эронро ба шиддат маҳкум кард ва гуфт, «Амрико дар канори мардуми Эрон ва хонаводаҳои касонест, ки дар ин таркишҳо кушта ё захмӣ шудаанд».

Бар асари ду таркиш дар масҷиди ҷомеи Зоҳидон – маркази вилояти Сиистону Балуҷистон рӯзи ҷумъаи гузашта 26 нафар кушта ва бештар аз 300 тани дигар маҷрӯҳ шуд. Ин таркишҳои ҳамзамон бо маросими ҷашни зодрӯзи имом Ҳусейн – яке аз ҷашнҳои аслии мазҳабии Эрон рух додааст. Додситони шаҳри Зоҳидон эълон кардааст, ки ин ду таркиш амали маргталабона буд.

Гурӯҳи шӯришии суннигароёни Эрон таҳти унвони “Ҷундуллоҳ” масъулияти ду инфиҷор дар назди масҷиди шиаҳо дар шаҳри Зоҳидонро бар ӯҳда гирифт. Гурӯҳи Ҷундуллоҳ гуфтааст, ин инфиҷорҳо посух ба мақомоти Эрон аст, ки моҳи июн Абдумалик Регӣ - раҳбари онҳоро эъдом кардаанд.

Муттаҳам шудани Амрико ба ҳамкорӣ бо “Ҷундуллоҳ” аз сӯи Эрон бори аввал нест. Моҳи феврали соли ҷорӣ дар пайи таркишҳои монанд дар шаҳри Зоҳидон, ки низ боиси марги 30 намозгузор шуда буд, Теҳрон чунин иддао пеш оварда буд.

Вале вазорати умури хориҷии Амрико дар ҷавоб ба ин иддао гуфта буд, «ҳар гуна иддаои робитаи Иёлоти Муттаҳида бо гурӯҳи «Ҷундуллоҳ» ва ҳар амали терористии дигар дар Эрон пучу бемаъност».
XS
SM
MD
LG