Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пардохти ҷарима ба ҷои зиндон


Тибқи ислоҳоти нави Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, шахсони муҷрим дар ҷиноёти иқтисодӣ ва ё интизомӣ метавонанд бар ивази супоридани ҷарима аз зиндон озод шаванд. Парлумони Тоҷикистон қабл аз рафтан ба истирохат ба кодекси ҷиноӣ дигаргунӣ ворид кард.

Лашкарӣ Мирзоев, як соҳибкори тоҷик дар ҷануби Тоҷикистон, ки бо ҷурми насупурдани андози давлат дар нисбаташ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, мегӯяд, ҳарчанд пас аз боз шудани парванда андозро супурда бошад ҳам, аммо то кунун аз ҷавобгарии ҷиноӣ дар канор намондааст. Ба гуфтаи ӯ, мақомоти қудратӣ талош доранд, то ӯро пушти панҷара кашанд.

Лашкарӣ Мирзоев, дар ҷануби кишвар корхонаи бузурги пунбатозакунӣ ва беш аз 400 ҳектор замини кишти пунбаву гандум ва дигар зироатҳо дар ихтиёр дорад. Аммо ӯ мегуяд, бо фишори маӯомот ҳамакнун аз фаъолияти ҷиддии соҳибкорӣ дасту дил шустааст.

Ӯ мегӯяд: "Дигар дастам ба корҳои соҳибкорӣ пеш намеравад. Ба бемории дил гирифтор шудаам, аз кашокаши зиёд".

Ин хам дар ҳолест, ки ахиран бар асоси тағийру иловаҳои ҷадид ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон нафаре, ки даст ба ҷинояти иқтисодӣ мезанад, бо пардохти зарари расонида ва маблағи муайяне барои ҳар рӯзи мухлати муқараршудаи ҷазо ба маҳбас кашида намешавад.
Ин қонун ҳамчунин дар мавриди маҳкумшудагоне, ки бахше аз замони маҳкумияти худро пушти сар карданд низ татбиқ мешавад.



Як рӯзи зиндон - 17 сомонӣ

Аз ҷумла, касоне, ки бо ҷурми мушобеҳ маҳкум шудаанд, метавонад бо пардохти ҷарима озод шаванд. Ва ҳар рӯзи то кунун дар зиндон ва ё боздоштгоҳ пушти сар гузоштаи онҳо баробар ба 50% нишондиҳанда барои ҳисоб, ё баробар ба 17 сомонӣ ҳисоб карда мешавад.

Абдукаюм Юсупов, ҳуқуқдони тоҷик ва як узви комиссиуни омӯзиши барои ворид кардани таҳриру иловаҳо ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон мегӯяд, афроде, ки даст ба ҷиноёти иқтисодӣ мезананд, бо иловаи оне, ки зарари расонидаи хешро ба буҷаи давлат ё ташкилоту шахсони алоҳида бармегардонанд, инчунин барои адои мӯҳлати муқараршудаи ҷазо дар маҳбас бар ивази озодӣ маблағи муайне хоҳанд супурд. Ҷаноби Юсупов мегӯяд, ислоҳи ин банди қонун пас аз як омӯзиши ҷиддии афкори табақоти гуногуни ҷомеа қабул шудаааст.

Ӯ мегӯяд: «Агар дар аввали баҳсҳо бар ивази як рӯзи маҳбуси иштирокчиён нишондихандаи 3 маоши ҳади ақал пешниҳод мекарданд, аммо порлумони кишвар аз рӯи зиндагӣ ва дороии мардум барои ним нишондиҳанда қабул кард, ки ба фикри ман одилона аст ва кобили кабул аст».

Сафаралӣ Гулов, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мегӯяд, ки солҳои қабл содиркунандагони чунин ҷиноёт ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ ба маҳбас кашида мешуданд, ки ҳеҷ манфиате аз ба маҳбас кашидани онҳо ба давлат намерасид.

"Ин ислоҳот камбудӣ ҳам дорад"

Дар ҳамин ҳол, Давлатмурод Ҷумъаев, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, мутаасифона, ислоҳоти воридшуда ба банди 54-и Кодекси ҷиноӣ ҳам мисли дигар бандҳои ин қонун аз номушахасиҳо орӣ нест.

Ӯ мегӯяд: «Масалан, дар қонунгузории мо зиёд мушоҳида мешавад, ки аз 5 то 10 ё аз 2 то 4 сол ҳабс пешбинӣ шудааст. Ин номушахасист. Бояд мушахас бошад, ки 5 сол ё 3 сол. Номушахасӣ боз ба коррупсия ва ноадолатӣ оварда мерасонад».

Ҳанӯз пешниҳоди илова ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон дар мавриди ҷиноятҳои иқтисодӣ аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ҳангоми ироаи паёми солона ба парлумони кишвар, дар аввали соли ҷорӣ садо дода буд.

Аммо ислоҳоти мазкур ба Кодекси ҷиноӣ шомили ҳоли касоне намешавад, ки ҷиноёти молӣ ё иқтисодии онҳо боиси марг ва зарари сахти ҷисмонии инсон шуда бошад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG