Пайвандҳои дастрасӣ

Октопус ё ҳаштпои пешгӯикунандаро Русия мехарад


Бино ба гузоришҳои расонаҳои хабарии Русия, як ширкати русӣ мехоҳад Пол-ҷонвари ҳаштпоро, ки бо пешгӯиҳоияш дар бозиҳои қаҳрамонии Ҷоми Ҷаҳонии футбол маъруф шуда буд, ба истилоҳ "ба кор" гирад. Ширкат қавл додаст, ки ба ин ҷонвари ҳаштпои обӣ моҳе 5 000 доллар дастмузд пардохт мекунад. Олег Журавский яке аз ду муассиси ин ширкат ба хабаргузории Франс Пресс гуфтааст, ин ширкат омода аст ба Пол 100 000 евро пардохт кунад ва он корманди 120-ӯми ширкат дониста хоҳад шуд. Ин ширкати Русия мехоҳад бо футболи лигаи олии кишвар қарордод имзо кунад ва 50 дарсади даромади худро барои рушди футбол дар Русия ба масраф расонад.
XS
SM
MD
LG