Пайвандҳои дастрасӣ

Таваққуфи Дабири Кулли НАТО дар Душанбе


Андерс Фог Расмуссен-Дабири Кулли паймони НАТО ҳангоми парвоз ба Кобул дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе таваққуф ва бо Амирқул Азимов-Дабири Шӯрои Амнияти Тоҷикистон ва бо Шералӣ Хайруллоев-вазири дифои Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кард. Дар ин мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ барои таъмини амният дар Афғонистон баррасӣ шуд. Дар Кобул конфронси байналмиллалӣ баргузор ва дар он вазирони корҳои хориҷаи тақрибан 40 кишвар ширкат мекунанд. Абдулраҳмон Раҳмон-раиси пулиси вилояти Кобул гуфт, дар остонаи ин конфронс тадобири амниятӣ дар Кобул ташдид ёфтааст:

"Умедворам бо ин тадобир, ки дар назар гирифта шудааст, санҷидашуда ва рӯи як плони мушаххас аст, то мо битавонем фазои амнро барои тадвири конфронс дошта бошем".

Қарор аст, рӯзи сешанбе ҳайати намояндагии Тоҷикистон низ ба сарпарастии Ҳамроҳхон Зарифӣ-вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон барои ширкат дар ин конфронс ба Кобул парвоз кунад.
XS
SM
MD
LG