Пайвандҳои дастрасӣ

Қарзҳои берунии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали 2010


Бино ба иттилои хабаргузориҳо, дар нимсолаи аввали соли 2010 қарзи берунии Тоҷикистон 1 миллиарду 772,9 миллион долларро ташкил медиҳад. Бузургтарин қарзи Тоҷикистон аз Чин аст ва он 655,22 миллион доллар ҳисоб шудааст. Тоҷикистон аз Бонки Ҷаҳонӣ 373,5 миллион, аз Бонки Осиёии Рушд 315,5 миллион доллар қарздор будааст. Соли 2009 қарзи берунии Тоҷикистон 1 миллиарду 691,3 миллион доллар буд.
XS
SM
MD
LG