Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳилларӣ Клинтон, вазири корҳои хориҷии Амрико, дар оғози силсиласафараш ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ вориди Исломобод - пойтахти Покистон гашт. Ҳадафи ин боздид тасҳеҳи ҳадафҳои ҷанг дар Афғонистон мебошад, ки қариб 9 сол боз идома дорад.

Зимни боздиди дурӯзааш аз Покистон Клинтон кӯшиш хоҳад кард робитаҳои дуҷонибаи Вошингтону Исломободро таҳким бахшад. Покистон яке аз бозигарои калидии муборизаи кишварҳои ҷаҳон таҳти раҳбарии Амрико бар муқобили Ал-Қойда ва Толибон дар минтақа маҳсуб мешавад.

Муколамаи стратегӣ

Қарор аст, ки хонум Клинтон бо Юсуф Ризо Гелонӣ - нахуствазир ва Осиф Али Зардорӣ - президенти Покистон ва дигар мақомдорон, низомиён ва бозаргонони намоёни он кишвар дидору гуфтугӯ кунад.

Хабаргузориҳо музокироти Клинтонро ҳамчун муколамаи стратегӣ арзёбӣ карда мегӯянд, ки ҳадафаш тазмини ҳимояти густардатар ва қотеътари Исломобод аз ҷанг дар Афғонистон ва водор намудани Исломобод барои таҳкими марз бо Афғонистон мебошад. Дипломати аршади амрикои инчунин мехоҳад барои беҳбуди имиҷи Амрико дар Покистон кӯшиш ба харҷ диҳад.

Дар давоми солҳои тӯлонӣ бисёриҳо дар Покистон бовар доранд, ки Вошингтон танҳо ба ҳамкории Исломобод дар мубориза алайҳи ҷангиёни исломигаро манфиатдор аст. Аммо гуфтушунидҳои Клинтон танҳо бо мавзӯъҳои ҷанг ва марзи Покистону Афғонистон маҳдуд намешавад.

Интизор меравад, ки вазири корҳои хориҷа ҳамкориҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, аз он ҷумла беҳдошт, захоири об, кишоварзӣ, энержӣ ва фанновариҳои хабариро низ мавриди баҳс қарор диҳад. Интизор меравад, ки ӯ дар бораи афзоиши кумаки молии кишвараш ба Покистон эълом кунад.

7,5 миллиард доллар кумак ба Исломобод

Соли гузашта Конгресси Амрико ҳафтуним миллиард доллар кумаки молиро ба Исломобод ба тасвиб расонд, ки аз ҷумла сармоя барои бунёди мактабу мадорис, таҳкими сохтори давлатдорӣ ва тақвияти муассисаҳои демократиро дар бар мегирад.

Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, вазири корҳои хориҷаи Покистон, гуфт, ширкати Амрико дар барномаҳои гуногуни иҷтимоӣ ва иқтисодӣ барои аҳолии кишвараш арзиши бениҳоят бузург дорад.

Қарор аст баъд аз анҷоми боздидаш аз Покистон Клинтон ба Кобул барои ширкат дар конфронси байналмилалӣ бахшида ба умури Афғонистон сафар кунад.

Интизор меравад, ки дар ин конфронс вазири корҳои хориҷаи Амрико алоқамандии Вошингтонро барои кумак ба ҳукумати Кобул бори дигар такрор карда ҳамзамон аз раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай талаб хоҳад кард ки ваъдаи анҷоми ислоҳотро иҷро кунад.

Дар охири ҳафта Клинтон бо Роберт Гейтс вазири дифои Амрико дар Кореяи Ҷанубӣ во хоҳад хурд. Дар чаҳорчӯби сафараш Клинтон барои гуфтушунид бо пешвоёни минтақа аз Виетнам дидан мекунад.
XS
SM
MD
LG