Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари раҳбари сармоягузориҳои Покистон ба Тоҷикистон


Раҳбари бахши сармоягузории ҳукумати Покистон, Салим Мандвивала, бо як сафари серӯза вориди Тоҷикистон шуда, қарор аст, бо масъулони идораҳои давлатии Тоҷикистон роҳҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодии Душанбе ва Исломободро баррасӣ кунанд. Покистон яке аз аввалин кишварҳои ҷаҳон аст, ки ба тарҳи нерӯгоҳи барқи обии Роғун таваҷҷӯҳ карда ва ҳамеша ҷонибдори густариши тиҷорат бо Тоҷикистон будааст. Ҳарду кишвар узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ буда, хостори эҳдоси хатти интиқоли барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистон ва Покистонанд.
XS
SM
MD
LG