Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозҳо аз коҳиши мубориза бо HIV/AIDS


Ҳаждаҳумин конфаронси байнулмилалии зидди HIV/AIDS ё ангали норасоии масунияти бадани инсон дар Вена бо ширкати зиёда аз 20 ҳазор сиёсатгузор, пизишкон, намояндагони созмонҳои шаҳрвандӣ ифтитоҳ ёфт. Ин ҳамоиш 6 рӯз идома хоҳад кард. Расми ифтитоҳи нишаст бар асари эътирозҳое худҷӯше, ки дар онҳо кишварҳои донорро дар коҳиши сармоягузорӣ ба муборизаи зидди беморӣ айбдор мекарданд, ба таъвиқ афтод. Созмони Милал тасдиқ кард, ки баъзе аз кишварҳои саҳмии худро дар ин мубориза коҳиш медиҳанд.
XS
SM
MD
LG