Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоев сусткорӣ дар тарҳи Набуккоро танқид кард


Раисиҷумҳури Қазоқистон, Нурсултон Назарбоев, мегӯяд, Иттиҳоди Аврупо дар эҳдоси лӯлаи Набукко ба кашолкорӣ роҳ медиҳад. Дар нишасти хабарии муштарак бо сарвазири Олмон, Ангела Меркел дар Остона, Назарбоев гуфт, дар робита ба тарҳи Набукко, ба ғайр аз гап чизе иттифоқ намефтад. Ширкатҳои азими Олмон, Австрия, Маҷористон, Булғористон, Руминия ва Туркия дар ин тарҳ коршариканд, аммо сармоягузории он ҳанӯз оғоз наёфтааст. Қарор аст, ин лӯла гази Қафқоз ва Осиёи Марказиро ба Аврупо интиқол диҳад.
XS
SM
MD
LG