Пайвандҳои дастрасӣ

Ифтитоҳи нишасти байналмилалӣ дар мавриди СПИД


Дар шаҳри Вена пойтахти Вена имрӯз як конфронси байналмилалӣ дар мавриди мубориза бо бемории вируси норасоии масунияти бадан ифтитоҳ ёфт. Дар остонаи ин ҳамоиши бузург, ки ҳазорон нафар донишмандону табибон ва мақомоти расмиву намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат мекунанд, Эътилофи байналмилалии Эйч Ай Ви Эйдз ҳушдор дод, ки дар сурати наандешидани чораҳои фаврӣ ҷиҳати ҷилавгирӣ аз густариши ин беморӣ, то соли 2030 барои мубориза бо пандемияи вируси норасоии масунияти бадан 35 миллиард доллар зарур хоҳад шуд. Ба гуфтаи ин созмон, вируси СПИД, ки то кунун ба 33 миллиону 400 ҳазор нафар сироят кардааст, мисли “бомби соатӣ” , барои хонаводаҳо, ҳукуматҳо ва кишварҳои донор аст.
XS
SM
MD
LG