Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳимояти Амрико аз тасмими ОSCE


Ҷеймс Штейнберг, муовини вазири умури хориҷаи Амрико, имрӯз аз қарори ирсоли гурӯҳи байналмилалии пулис ба Қирғизистон ҳимоят карда ва гуфт, ин иқдом дар амри ҷилавгирӣ аз низоъҳои эҳтимолӣ кӯмак хоҳад кард. Низоъҳои хунини қавмӣ дар моҳи гузашта дар Қирғизистон, нигаронии ҷомеаи байналмилалиро дар мавриди субот дар Осиёи Марказӣ барангехт. Рӯзи шанбе вазирони умури хориҷаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Қазоқистон дар мавриди ирсоли гурӯҳи машваратии 52 нафарии пулис ба ҷануби Қирғизистон тавофуқ карданд, аммо замони мушаххаси ирсоли гурӯҳ ҳанӯз муайян нашудааст. Ҷеймс Штейнберг, муовини вазири умури хориҷаи Амрико, ки бо Роза Отунбоева, раиси ҷумҳури Қирғизистон мулоқот дошт, хостори таҳқиқи байналмилалии низоъи миёни қирғизу ӯзбакҳо дар шаҳрҳои Ӯш ва ҷалолобод шуд, ки дар он бештар 300 нафар кушта шуд.
XS
SM
MD
LG