Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иддаоҳои нави Шаҳром Амирӣ дар мавриди Амрико


Шаҳром Амирӣ
Шаҳром Амирӣ

Донишманди ҳастаии Эрон Шаҳром Амирӣ мегӯяд, ҷосусони Хадамоти Истихборотии Амрико, ки ӯро як сол пеш рабуданд, мехостанд, ӯ худро ҷосус муаррифӣ кунад ва то онҳо тавонанд, Амириро ба се амрикоии боздоштшуда дар Эрон иваз намоянд.

Шаҳром Амирӣ зимни сӯҳбат бо телевизиони давлатии Эрон шоми шанбе гуфт: “Ба ман гуфтанд, ки агар шумо эътироф кунед, ки маъмури иттилооти созмонҳои иттилоотии Эрон ҳастед ва ба унвони як ҷосус дар кишвари дигар дастгир шудед, мо метавонем, шуморо бо се ҷосуси (амрикоӣ), ки дар марзи Ироқ бо Эрон дастгир шуданд, мубодила кунем».

Вокуниши Вошингтон

Мақомоти амрикоӣ иддаоҳои Шаҳром Амириро рад мекунанд. Ӯ баъди бозгашташ ба Теҳрон дар як нишасти хабарии пурҳаёҳу гуфт, ҳангоми иқоматаш дар Амрико “ӯро таҳти фишори шадиди равонӣ “ қарор дода буданд, бо маъмурони амрикоӣ ҳамкорӣ кунад. Ба гуфтаи Шаҳром Амирӣ, ҳангоми бозпурсиаш ҷосусони Исроил ҳам ҳузур доштаанд. Аммо вазорати умури хориҷаи Амрико мегӯяд, ки Шаҳром Амирӣ бо хоҳиши худ ба ин кишвар омада буд.

Айни замон, матбуоти ғарбӣ менависад, Шаҳром Амирӣ солҳо боз як гумоштаи Хадамоти Истихборотии Амрико (СРУ) дар Эрон будааст ва ба ин ниҳод доир ба ҷанбаҳои махфии барномаҳои атомии Эрон “иттилооти қобили таваҷҷӯҳ ва дасти аввал” додааст.

Рӯзномаи “Ню Йорк Таймс” бидуни зикри чанд мақоми расмӣ, аз қавли онҳо навиштааст, Шаҳром Амирӣ ҷузъиёти онро ошкор кардааст, ки чӣ гуна як донишгоҳи Теҳрон, ба қароргоҳи махфӣ барои барномаҳои атомии Эрон табдил шуд.

“Вашингтон Пост” гузориш додааст, ки Амирӣ яке аз ду гумоштаҳои Хадамоти Истихборотии Амрико дар дохили Эрон будааст, ки аз тарси ошкор шуданаш аз Эрон фирор кардааст. Бино ба гузориши “Вашингтон Пост” ба Шаҳром Амирӣ дар ивази кораш 5 миллион доллар пардохтаанд.

Амирӣ ҷосуси дугуна буд?


Рӯзномаи бритониёии “Сандей Телеграф” навиштааст, ки бозгашти Амирӣ ба Теҳрон ин андешаро барангехтааст, ки ӯ ҷосуси дугунае будааст, ки тамоми ин солҳо барои Эрон кор мекард.

Шаҳром Амирии 32-сола, корманди Оҷонси энержии атомии Эрон соли 2009 ҳангоми маросими Ҳаҷҷ дар Арабистони Саудӣ нопадид шуд. Ӯ чанде пеш бо нашри видеоҳои зиддунақиз дар Интернет сар зад ва ҳафтае пеш дар бахши ҳифзи манофеъи Эрон дар сафорати Покистон пайдо шуд ва хост то ӯро ба Теҳрон бозгардонанд.

Ӯ ба мисли як қаҳрамоне ба пойтахти Эрон баргашт, вале ҳанӯз маълум нест, ки оё мақомоти Эрон ва ҷомеа ба достони ӯ бовар мекунанд ва ё на?

Манучеҳри Муттакӣ, вазири умури хориҷаи Эрон гуфтааст, мақомот мунтазир мемонанд, то бидонанд, ки “тайи ду соли гузашта чӣ иттифоқоте сурат гирифт ва баъдан мебинем, ки ӯро қаҳрамон хонем ё на.”

Қаҳрамон ё хоин?

Коршиносони ғарбӣ мегӯянд, бо фӯру нишастани тарғибот дар мавриди ӯ Шаҳром Амирӣ таҳти заррабини маъмурони иттилоотии Эрон қарор хоҳад гирифт. Пол Пиллар, таҳлилгари собиқи Хадамоти Истихборотии Амрико ба хабаргузории Ассосиейтед Пресс гуфтааст, “аз нигоҳи мақомоти расмии Эрон, Шаҳром Амирӣ як хоини манфур аст ва агар аҳамияти тарғиботии достонаш намебуд, ӯро дирӯз мекуштанд.”

Матбуоти ғарбӣ, Шаҳром Амириро ба ҷосуси собиқадори КГБ, Виталий Юрченко ташбеҳ кардаанд, ки соли 1985 ба Амрико гурехт ва се моҳ баъд аз раъйаш гашт ва ба Маскав бозгашт. Ӯ ҳам мисли Шаҳром Амирӣ гуфта буд, ки ҷосусони Хадамоти Истихборотии Амрико дар фирори ӯ даст доштанд ва барои ҳамкорӣ ба ӯ 1 миллион доллар ваъда карданд.
XS
SM
MD
LG