Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари намояндаи баландпояи Покистон ба Тоҷикистон


Салима Мандвивала, раҳбари раёсати сармоягузории ҳукумати Покистон имрӯз ба хотири дидору гуфтӯгу бо мақомоти Тоҷикистон вориди Душанбе мешавад. Ба иттилоъи вазорати умури хориҷа, зимни сафараш, ки то 21 июл идома хоҳад кард, Салима Мандвивала бо намояндагони давлати Тоҷикистон мулоқотҳо анҷом хоҳад дод. Иштиҳои иқтисоди Покистон ба энержӣ торафт меафзояд ва ин кишвар дар симои Тоҷикистон як фурӯшандаи муҳими нерӯи барқро мебинад. Қарор аст, як хати баландшиддати нерӯи барқ бо иқтидори 2000 мегават аз Тоҷикистон ба Покистон кашида шавад.
XS
SM
MD
LG