Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кобул шоҳиди як ҳамлаи маргбори дигар шуд


Маъмурони амниятии Афғонистон мегӯянд, як бомбгузори интиҳорӣ имрӯз дар ҳамлае, ки зоҳиран ҳадафи он хориҷиён будаанд, чаҳор ғайринизомиро кушт. Ҳамла дар назди як шифохонае сурат гирифтааст, ки назди он нерӯҳои хориҷӣ зуд зуд гузар мекардаанд. Доир ба осеб дидани нерӯҳои хориҷӣ гузорише нарасидааст. Ин ҳамла дар ҳоле сурат мегирад, ки қарор аст, ду рӯз баъд мақомоти баландпоияи хориҷӣ аз ҷумла Бан Ги Мун, дабири кулли Созмони Милал ва Ҳилларӣ Клинтон вазири умури хориҷаи Амрико барои ширкат дар конфронси байналмилалӣ дар мавриди ояндаи Афғонистон ба Кобул сафар кунанд.
XS
SM
MD
LG