Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тарҳи порлумони Эрон дар мавриди ғанисозии ураниум


Маҷлиси Эрон, бо судури тарҳе аз ҳукумат хост, ғанисозии ураниуми 20 дарсадиро идома бидиҳад, агарчӣ кишварҳои ғарбӣ хостори муттавақиф кардани фаъолиятҳои ғанисозии ураниум дар Эронанд. Санади мазкур баъди тасвиби Шӯрои нигаҳбон, як ниҳоди муҳофизакори Эрон ҳукми иҷро хоҳад гирифт. Дар ин санад ҳамчунин хоста шудааст, ки дар сурати тафтиши киштиҳои эронӣ ва ё худдорӣ аз додани сӯхт ба ҳавопаймоҳои Эрон дар фурудгоҳҳои байналмилалӣ, Эрон бояд вокуниш нишон бидиҳад. Созмони Милали Муттаҳид, рӯзи 9 июн алайҳи Эрон даври чаҳоруми таҳримоти байналмилалиро эъмол кард. Бар асоси он қатънома, кишварҳои узв ҳақ доранд, дар сурати вуҷуди таҷҳизот ва ё маводи ҳастаӣ киштиҳори эрониро таҳқиқ кунанд.
XS
SM
MD
LG