Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар бомбгузории Радвонияи Ироқ 43 нафар кушта шуд


Мақомоти Ироқ мегӯянд, дар бомбгузории интиҳорӣ алайҳи шибҳанизомиёни суннимазҳаби тобеъи ҳукумат, 43 нафар кушта ва 40 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Бомбгузори маргталаб, ҷангиёни гурӯҳи “Саҳво”-ро дар ноҳияи умдатан суннинишини Радвония ҳадаф гирифт, ки барои гирифтани музди корашон навбат меистоданд. Вазорати умури дохила ва вазорати дифоъи Ироқ теъдоди қурбониёни бомбгузориро таъйид карданд. Гурӯҳи “Саҳво” як замон шарики Ал-Қоида буд ва соли 2006 ва 2007 ба зидди ин созмон бархост ва барои маҳви аъзои он дар Ироқ ба нерӯҳои амрикоӣ кӯмак кард.
XS
SM
MD
LG