Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳилларӣ Клинтон вориди Исломобод шуд


Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико дар оғози сафари чаҳоррӯзааш ба Осиёи Ҷанубӣ, имрӯз вориди Исломобод шуд. Ҳадаф аз боздиди ӯ рӯшан кардани аҳдофи ҷанги 9-сола дар Афғонистон аст. Хонум Клинтон ҳамчунин ба зарурати ҳамкории Покистон Афғонистон дар ин ҷанг таъкид хоҳад кард. Ӯ қасд дорад, доир ба афзоиши кӯмакҳои Амрико барои рушди иқтисодии Покистон эълом диҳад, ки дар ин кишвар афкори зиддиамрикоӣ васеъ паҳн шудааст. Ҳилларӣ Клинтон бо Юсуф Ризо Гелонӣ, нахуствазир ва Осиф Алӣ Зардорӣ, раиси ҷумҳури Покистон дидору гуфтӯгу хоҳад кард. Қарор аст, ӯ рӯзи сешанбе дар конфронси байналмилалӣ дар мавриди Афғонистон дар шаҳри Кобул ширкат кунад ва дигарбора ба ҳимояти кишвараш аз ҳукумати Афғонистон ва ба зарурати иҷрои ваъдаҳои ислоҳоти Ҳомиди Карзай таъкид кунад.
XS
SM
MD
LG