Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бомбгузори интиҳорӣ 9 нафарро дар Ироқ кушт


Як бомбгузори интиҳорӣ имрӯз бо ҳамла ба шибҳанизомиёни суннимазҳаб, ки аз тарафи ҳукумати Ироқ ҳимоят мешаванд, 9 нафари онҳоро кушта ва 29 тани дигарро маҷрӯҳ кард. Ҳамла дар канораи ҷанубуғарбии шаҳри Бағдод ва дар замоне сурат гирифт, ки ин шибҳанизомиён барои гирифтани музди корашон навбат меистоданд. Маргталаб худро дар ноҳияи суннинишини Радвония ва дар миёни аъзои гурӯҳи “Саҳво” мунфаҷир кард, ки ин гурӯҳ як замон шарики Ал-Қоида буд ва соли 2006 ва 2007 ба зидди ин созмон бархост ва барои маҳви аъзои он дар Ироқ ба нерӯҳои амрикоӣ кӯмак кард. Бар асари таркиш ҳашт аъзои Саҳво кушта ва ду сарбози ироқӣ ҳам маҷрӯҳ шудааст. Ҳамларо иддае кори дасти гурӯҳҳои суннимазҳабе медонанд, ки ҳанӯз ҳам бо Ал-қоида иртибот доштаанд.
XS
SM
MD
LG