Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

САҲА ҳодисаҳои ҷануби Қирғизистонро бозҷӯӣ мекунад


Дар ҳамоишии вазирони хориҷаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар шаҳри Алмаато қарор шудааст, ки комиссиюни бозҷӯии ҳаводиси ахир дар ҷануби Қирғизистонро намояндаи махсуси САҲА дар Осиёи Марказӣ Киммо Килюнен сарварӣ кунад.

Ҳукумати Қирғизистон аз қарори САҲА истиқбол кардааст. Раисиҷумҳури ин кишвар Роза Отунбаева гуфтааст, пажӯҳиши байнулмилалии ҳаводиси ахири Қирғизистон амри зарурист ва он сабабҳои даргириҳои қавмӣ дар ҷануби ин кишварро равшан хоҳад кард.

Вазъи Қирғизистон мавзӯи калидии нишасти дурӯзаи дипломатҳои 56 кишвари узви созмони САҲА дар осоишгоҳи Оқбулоқ дар наздикии шаҳри Алмаато буд.

Дар ин нишаст барномаи кумаки дастаҷамъии кишварҳои узви САҲА ба Қирғизистон омода шудааст, ки тахсиси даҳҳо миллион доллар барои барқарорсозии шаҳрҳои харобшудаи Уш ва Ҷалолободро дар назар дорад.

САҲА дар мавриди ирсоли пулис ба Уш ба мувофиқа нарасид

Вале вазирони умури хориҷаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар мавриди замони ирсоли гурӯҳи машваратии пулис ба Қирғизистон ба мувофиқа нарасиданд. Масъалаи ирсоли гурӯҳи машваратии пулис ба шаҳрҳои Ӯшу Ҷалолобод бо тақозои Роза Отунбоева, раисиҷумҳури Қирғизистон, дар ҳамоиши САҲА баррасӣ шуд.

Ҷеймс Штейнберг, муовини вазири умури хориҷаи Амрико, аз пешниҳоди ирсоли гурӯҳи пулиси Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ба Қирғизистон ҳимоят кардааст. Вай дар ҳамоиши вазирони умури хориҷаи созмон дар Алмаато гуфт, маъмурияти пулиси байналмилалӣ “барои барқарории назму субот, бахусус дар остонаи интихобот кӯмак ва ба мусолиҳаи ду тарафи муноқиша дар ҷануби Қирғизистон мусоидат хоҳад кард.”

Пештар аз ин Гуидо Вестервелле, вазири умури хориҷаи Олмон гуфта буд, бисёре аз аъзои Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо мувофиқанд, ки ба Қирғизистон нерӯҳои пулис аз ин созмон фиристода шаванд. Гуидо Вестервелле, гуфт, “мо итминон дорем, ки ин маъмурияти пулис зарур барои ба эътидол овардани вазъ дар Қирғизистон, амалӣ хоҳад шуд”.

Қазоқистон - раҳбари феълии САҲА, Фаронса ва ҳамчунин кишварҳои дигари узви созмон, аз ҷумла Тоҷикистон, низ аз ирсоли гурӯҳи машваратии 52-нафарии пулис ба ҷануби Қирғизистон ҳимоят кардаанд. Пас аз мувофиқаи ҳамаи аъзои САҲА ин гурӯҳ вориди Қирғизистон хоҳад шуд

Тақозои ҳукумати Қирғизистон аз САҲА

Ҳукумати Қирғизистон дар остонаи нишасти вазирони умури хориҷаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо хостори ҳузури нерӯҳои пулиси байнулмилалӣ дар ҷануби ин кишвар шуда буд. Роза Отунбоева, раисиҷумҳури Қирғизистон, дар сӯҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, ки ин нерӯҳо метавонанд дар шаҳри Ӯш мустақар шаванд.

Дар бораи мандати эҳтимолии пулиси байнулмилалӣ хонум Отунбоева гуфт: "Ин нерӯҳо муваққатан барои чаҳор моҳ ин ҷо хоҳанд буд. Мо шаҳри Ӯшро дубора месозем. Масалан, онҳо заруранд то амнияти шаҳри Ӯшро таъмин кунанд. Онҳо силоҳ нахоҳанд дошт."

Бар асари задухӯрдҳо миёни қирғизҳову ӯзбакҳо дар ҷанубии Қирғизистон 309 нафар ба ҳалокат расиданд ва тақрибан 400 ҳазор нафар, асосан, ӯзбакҳо, иҷборан ин вилоётро тарк намуданд. Мақомоти Бишкек мегӯянд, вазъ дар вилоёти ҷанубии Қирғизистон ором ва комилан таҳти контрол аст, вале бисёре аз таҳлилгарон эҳтимоли дубора сар задани хушунатҳои қавмӣ дар ин кишварро рад намекунанд.
XS
SM
MD
LG