Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамасола дар дунё рӯзи 17-уми июл ба унвони рӯзи адолат таҷлил мешавад. Дар ин рӯз додгоҳи байнулмилалии Созмони Милал таъсис ёфтааст. Бо вуҷуди ин ки дар Тоҷикистон ин рӯз ба таври хос таҷлил намегардад, хабарнигори Озодӣ нигоҳе ба ҷойгоҳи адолат дар ҷомеаи Тоҷикистон андохтааст.

Мушкили Моҳинисо - намунаи беадолатӣ?

Холаи Моҳинисоро замоне пайдо кардем, ки дар даст як бастаи ҳуҷҷатҳо бо фарзандони худ дар кӯча меистод. Вайро чанд моҳи пеш аз манзили зисташ, дар хобгоҳе воқеъ дар шаҳри Душанбе, берун кардаанд.

Холаи Моҳинисо мегӯяд, то ин дам ба даҳҳо идораи давлатӣ муроҷиат кардааст, то манзилашро бозпас диҳанд. Вале мегӯяд, ҳатто ба пушти дарвозаи ҳукумат рафтанаш низ ба ӯ кӯмак накардааст: «Намедонам, додамро ба кӣ гӯям? Дари идораи ҳукумат рафтам, нашуд. Бар изофаи ин, гуруснагиву ташнагии фарзандонро намегӯед. Дигар намедонам, чӣ кор кунам...»

Ҳамин тавр, баъд аз саргардонии тӯлонӣ холаи Моҳинисо мегӯяд, ба вуҷуди адолат дар кишвари ҳуқуқбунёде чун Тоҷикистон бовар надорад.

Даргоҳи умеди охирин куҷост?

Хуршеди Атовулло, сардабири нашрияи «Фараж» низ гуфт, чашмҳои пури ашку чеҳраҳои ғамзадаи дармондагонро бисёр дидааст, ки мисли холаи Моҳинисо намедонанд аз кӣ имдод бихоҳанду адолатро ба чӣ роҳе барқарор кунанд.

Ба гуфтаи вай, ин гурӯҳи одамон пас аз талошу муроҷиатҳои батакрори худ, ки аксаран аз тарафи ниҳодҳои давлатӣ бепосух мемонанд ва аз тарафи додгоҳҳо мунсифона баррасӣ намешаванд, ба нашрияҳо ҳамчун «даргоҳи умеди охирин» муроҷиат мекунанд: «Дар нашрияҳои мо номаҳои бешумори адолатҷӯёнаи мардум чоп мешавад. Вале барои барқарор кардани адолат вақти бисёре сарф зарур аст. Чунки барқарор кардани адолат кори мушкил. Ва гоҳо дидани чеҳраҳои пажмурдаи дар талоши адолат низ як гуна дилгирифтагӣ аз ҷомеаи Тоҷикистонро дар ботин пайдо мекунад.»

Адолат ҳаст...

Вожаи адолат, ки аз решаи адл гирифта шудааст, аввалан ба ҳукуматҳо ва раҳбарони он иртибот мегирад, ки то чӣ ҳад адлу инсоф доранд ва то куҷо эҳтиёҷоти мардумро барои таъмини ҳуқуқҳояшон ва як зиндагии шоиста бароварда мекунанд. Аммо имрӯзҳо ин мафҳумро бештар ба низоми додгоҳӣ пайванд медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, Исмоил Талбаков, вакили мардумӣ дар порлумон, бовар дорад, ки дар Тоҷикистон адолати иҷтимоӣ барқарор аст. Ба гуфтаи вай, имрӯз додгоҳҳо мунсифона амал мекунанд, мардум арзу доди худро мустақим ба раиси ҷумҳур мерасонанд ва ҳам қонунгузорӣ манифати мардумро дар навбати аввал ба назари эътибор гирифтааст.

Адолат нест...

Аммо Раҳматилло Зоиров, раҳбари сотсиал-демократҳои Тоҷикистон, ки вожаи адолат дар таркиби шиори ин ҳизб ҷо гирифтааст, ба вуҷуди адолат дар кишвар шак дорад. Вай мегӯяд, аслан ба адолат аз рӯи мизони ришватхорӣ ва хешутаборбозӣ ё непотизм дар кишварҳо баҳо медиҳанд, ки Тоҷикистон аз ин ҳисоб баҳои хубе нахоҳад гирифт: «Аз ин ҷиҳат гирем, Тоҷикистон дар қатори кишварҳои фасодзадаи дунё қарор дорад. Бечуну чаро ин мазмуни онро дорад, ки дар Тоҷикистон, бахусус дар сохтори ҳифзи ҳуқуқ ва аз он ҷумла дар сохтори додгоҳӣ адолат вуҷуд надорад.»

Бо ин ҳол, Тоҷикистон борҳо аз сӯи созмонҳои байнулмилалӣ барои риоя накардани ҳуқуқи инсон ва ноадолатӣ дар баровардани ҳукмҳои додгоҳӣ танқид шунидааст. Агарчӣ мақомоти кишвар мегӯянд, талоши онҳо дар ин самт кофӣ буда, ташкили Омбудсмен аз ҷумлаи онҳост.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG