Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

САҲА - имтиҳон ҷиддӣ барои Қазоқистон


Қазоқистон дар остонаи нишасти сарони кишварҳои Созмони амният ва ҳамкории Аврупо аст ва ҳадаф аз баргузории нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои ин созмон дар Алмаато талоши ин кишвар баҳри дастёбӣ ба ин мақсад аст.

Ин нуктаро дар рӯзи нахустини ҳамоиши ғайрирасмии вазирони хориҷаи кишварҳои ин созмон Қанот Савдобоев, раиси кунунии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ва котиби давлативу вазири хориҷаи Қазоқистон баён кардааст.

Агар ин тасмим дар иҷлоси вазирони хориҷа ҳосил гардад, Қазоқистон на танҳо нахустин кишвари сарвари ин созмони байнулмилалӣ аз ҷумлаи кишварҳои собиқ шӯравӣ, ҳамчунин кишваре мегардад, ки баъди Туркия нишасти сарони 56 кишвари узви созмонро доир мекунад ва инро Дос Кошим, сиёсатшиноси қазоқ, пирӯзии дипломатияи кишвараш дар бахши хориҷӣ медонад.

Қирғизистон дар маркази таваҷҷӯҳ

Аз сӯи дигар, чун дар нишасти навбатӣ яке аз масоили калидӣ вазъ дар Қирғизистон аст, имкон дорад дар ин нишаст роҳҳои нави ба субот овардани вазъ ва расонидани ёрӣ ба Қирғизистон мавриди баррасӣ қарор гирад. Тибқи иттилои расмӣ, бар асари нооромиҳо дар ҷануби кишвар 308 нафар кушта ва ҳазорон нафар захмӣ гардиданд ва ҳазорон бинои маъмуриву шахсӣ валангор гардида, беш аз 400 ҳазор нафар паноҳанда шуданд.

Аз ин хотир қабл аз расидан ба ин ҷаласа вазирони хориҷаи баъзе кишварҳои бонуфузи Аврупо, мисли Олмон ва Фаронса аз Қирғизистон дидан намуда, вазъро бо мақомоти кишвар баррасӣ карданд. Аз ин хотир, тавре коршиносон мегӯянд, дар ин робита имкон дорад, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ба Қирғизистон ёрии чашмрасе бикунад.

Ҳадафи аслии Остона аз баргузории ҳамоиши САҲА

Вале баъзе аз аҳли назар чунин меҳисобанд, ки бо ин ҳама Қазоқистон чун кишвари собиқ шӯравӣ ба анъанаи он замон содиқ монда, дар ин мақом бештар барои ба даст овардани обрӯи зоҳирӣ талош мекунад ва ҳадаф аз ин конфронсу ҳамоишҳои хурду бузург худро дар арсаи байналмилалӣ нишон додан аст.

Розлана Таукина, сарвари Сандуқи дифои ҳуқуқ - «Рӯзноманигорон дар хатар», мегӯяд, ки кишвараш дар ин маврид бештар ба зоҳир таваҷҷӯҳ мекунад, на ба ботини масъала.

Хонум Таукина изҳор мекунад, ки «чунин тадобир ва аз ҷумла нишасти сарони кишварҳои САҲА дар Қазоқистон танҳо барои баланд кардани обрӯ буда, ҳадафион сарваронро дар Қазоқистон ҷамъ овардан ва бо ин роҳ бо ҳар яки онҳо дастфишоридан ва ҳамроҳ акс гирифтан ва мафтуни зебоиҳои шаҳри Остона гардонидан ва монанди инҳо буда, ҳама танҳо барои карруфар анҷом дода мешавад».

Нигаронӣ аз фишорҳо ба дигарандешӣ

Вале дар асл бошад, тавре коршиносону сиёсатмадорон мегӯянд, барои пиёда кардани ҳадафҳои аслии ин созмони байналмилалӣ, мисли рушди демократия, таъмини озодиҳои инсон ва озодии матбуоту фаъолияти аҳзоби сиёси, на танҳо кори чашмрасеро анҷом намедиҳад, балки дар худи ин кишвар ба ин равандҳо садд мегузоранд.

Ба гуфтаи Жармахон Туяқбой, ҳамраиси ҳизби сотсиал-демократии «Озод», ба Нурсултон Назарбоев додани мақоми пешвои миллат, эҷоди мушкилот ба фаъолияти расонаҳои хабарӣ ва аҳзоби сиёсӣ ва дигар равандҳои демократӣ дар кишвар намунае аз гомҳои номатлуби Остона дар давраи сарварӣ ба ин созмони бонуфуз аст.

Оқои Туяқбой меафзояд, «аз ҷумла аҳзоби сотсиал-демократ ва «Озод», ки моҳи октябри соли гузашта бо ҳам омезиш ёфта буданд, то имрӯз ҳуҷҷати сабти номи хешро гирифта наметавонанд ва ҳар дафъа ба онҳо ҷавоби рад медиҳанд. Ин худ баёнгари он аст, ки ҳокимияти Қазоқистон дар бораи пиёда кардани меъёрҳои созмони САҲА андеша намекунад ва баръакс онҳо талош мекунанд, ки ба дигарандешӣ дар кишвар монеа эҷод намоянд».

Имтиҳон барои Нурсултон Назарбоев

Вале, ба гуфтаи аҳли назар, боз қариб ним соли дигар Қазоқистон сарварии ин созмонро бар ӯҳда хоҳад дошт ва тавре Досим Сатпаев, сиёсатшиноси шинохтаи қазоқ, мегӯяд, сарварӣ таи як сол ба ин созмони бонуфузи байналмилалӣ на танҳо барои Казоқистон имтиҳони ҷиддиест, балки комёбӣ ё нобаробариаш ҳам ба худ ва ҳам ба дигар кишварҳои собиқ шӯравӣ таъсир хоҳад кард.

Ба андешаи ӯ, минбаъд ин мақомро соҳиб шудани кишварҳои собиқ шӯравӣ маҳз ба фаъолияти Қазоқистон то охири сол бастагӣ дорад. Агар Қазоқистон дар ҷамъбасти сол баҳои хуб нагирад, дар ин ҳол, албатта, эътимод ба дигар кишварҳои собиқ шӯравӣ чандон баланд нахоҳад шуд.

Вале ба таъкиди ағлаби ҳамсӯҳбатони мо, аз ҷумла Жармахон Туяқбой, ҳамраиси ҳизби сотсиал-демократии «Озод», ҳарчанд кишвараш нахустин сарвари созмони САҲА дар байни кишварҳои собиқ шӯравӣ гардид, аммо тааҳҳудоти хешро дар масъалаи рушди демократия ва таъмини озодиҳои инсон иҷро накардааст. Ва коргириаш чун сарвари Созмони амнят ва ҳамкории Аврупо набуда, балки шабеҳ ба кишвари худкомаест, ки аз демократия дар сухан дифоъ мекунад, вале дар амал хилофи мардумсолориву ҷомеаи маданист.

XS
SM
MD
LG