Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулиси Эрон 40 нафарро боздошт кард


Ҷумҳурии Исломии Эрон, кишварҳои ғарбӣ ва Исроилро ба бомбгузориҳои маргбор дар вилояти ҷанубушарқии Сиистону Балуҷистон муттаҳам кард. Дар ду бомбгузорӣ дар наздикии як масҷид дар шаҳри Зоҳидон рӯзи панҷшанбе дасти кам 27 нафар кушта ва беш аз 160 тани дигар маҷрӯҳ шуд. Телевизиони давлатии Эрон аз қавли Алӣ Абдуллоҳӣ, муовини вазири умури дохилӣ гуфт, “Ин иқдоми торики террористӣ аз тарафи зархаридони қудратҳои зӯргу, (қудратҳои ғарбӣ) амалӣ шудааст.” Пештар аз ин баёния Иттиҳодияи Аврупо, Созмони Милал ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ин ҳамларо маҳкум карданд. Пулиси Эрон гуфт, 40 нафарро бо иттиҳоми даст доштан дар бомбгузориҳо боздошт кардааст.
XS
SM
MD
LG