Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳимояти Амрико аз ирсоли пулис ба Қирғизистон


Як мақоми баландпояи Амрико аз пешниҳоди ирсоли гурӯҳи пулиси Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ба Қирғизистон ҳимоят кард, ки ин масъала имрӯз дар шаҳри Алмаато баррасӣ мешавад. Ҷеймс Штейнберг, муовини вазири умури хориҷаи Амрико дар ҳамоиши вазирони умури хориҷаи созмон дар наздикии шаҳри Алмаато ба хабарнигорон гуфт, маъмурияти пулиси байналмилалӣ “барои барқарории назму субот, бахусус дар остонаи интихобот кӯмак ва ба мусолиҳаи ду тарафи муноқиша дар ҷануби Қирғизистон мусоидат хоҳад кард.” Пештар аз ин Гуидо Вестервелле, вазири умури хориҷаи Олмон мегӯяд, бисёре аз аъзои Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо мувофиқанд, ки ба Қирғизистон нерӯҳои пулис аз ин созмон фиристода шавад. Гуидо Вестервелле, гуфт, “Мо итминон дорем, ки ин маъмурияти пулис зарур барои ба эътидол овардани вазъ дар Қирғизистон, амалӣ хоҳад шуд”.
XS
SM
MD
LG