Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хабарнигори арманӣ дархости авф нахоҳад кард


Никол Пашиниён, хабарнигор ва фаъоли нерӯҳои мухолифи Арманистон, ки ба севуним соли зиндон маҳкум шудааст, мегӯяд, ки аз аз мақомоти расмӣ дархости авф нахоҳад кард. Никол Пашиниён ба барангехтани нооромиҳои баъди интихоботи раёсати ҷумҳурии Арманистон дар соли 2008 гунаҳкор дониста шудааст. Дар тазоҳуроти мухолифин дар моҳи март дар он сол 10 нафар кушта ва бештар аз 200 тани дигар маҷрӯҳ шуд. Никол Пашиниён дар мусоҳибаи телефонӣ ба бахши армании Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯ худро дар зиндон хуб ҳис мекунад ва қасд ҳам надорад, то аз Серж Саркиссиён раиси ҷумҳур бихоҳад ки ӯро авф кунад. Никол Пашиниён ва ҳизби мухолифи Шӯрои милли Арманистон парвандаи мазкурро дорои ангезаҳои сиёсӣ медонанд.
XS
SM
MD
LG