Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Идомаи муҳокимаи пурсарусадои Озарбойҷон


Додгоҳи Озарбойҷон муҳокимаи чаҳор нафареро, ки ба ҳамдастӣ дар қатли 12 нафар дар Академияи нафти Боку муттаҳам мешаванд, идома дод. Ба гузориши бахши озарии Радиои Озодӣ, ин чаҳор нафар, Ҷовидон Амиров, Нодир Алиев, Ориф, Қабулов ва Насаф Сулаймонов, ки ба терроризм, қатли амдӣ ва ҳифзи ғайриқонунии силоҳ муттаҳам мешаванд, зимни муҳокима аз эътирофоти худ даст кашида ва гуфтаанд, ки онҳоро бо азобу шиканҷа маҷбур карданд, то гуноҳи нокардаеро эътироф кунанд. Аз ҷумла Нодир Алиев гуфтааст, муфаттишон барои ҳосил кардани эътироф, ӯро аз пойҳояш овехта ба нерӯи барқ мондаанд. Ҳамаи ин чаҳор нафар ба кӯмак ба Фардо Қодиров, як шаҳрванди озарии Гурҷистон муттаҳам мешаванд, ки апрели соли 2009 бо тирандозӣ дар Академияи нафти Боку 12 нафарро кушт ва худаш низ дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуд.
XS
SM
MD
LG