Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон ангушти иттиҳомро ба сӯи Исроил ва Ғарб кард


Ҷумҳурии Исломии Эрон, кишварҳои ғарбӣ ва Исроилро ба бомбгузориҳои маргбор дар вилояти ҷанубушарқии Сиистону Балуҷистон муттаҳам кард. Дар ду бомбгузорӣ дар наздикии як масҷид дар шаҳри Зоҳидон, рӯзи панҷшанбе дасти кам 27 нафар ҳалок шуд. Телевизиони давлатии Эрон аз қавли Алӣ Абдуллоҳӣ, муовини вазири умури дохилӣ гуфт, “Ин иқдоми торики терористӣ аз тарафи зархаридони қудратҳои зургӯ амалӣ шудааст.” Пештар аз ин баёния Иттиҳодияи Аврупо, Созмони Милал ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ин ҳамларо маҳкум карданд.
XS
SM
MD
LG