Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ангела Меркел вориди Қазоқистон мешавад


Ангела Меркел, садри аъзами Олмон имрӯз вориди Қазоқистон, як кишвари саршор аз нафту гази Осиёи Марказӣ хоҳад шуд. Ангела Меркел, пеш аз ин дар Русия ва Чин буд. Ӯ дар пайи тақвияти ҳамкориҳо дар арсаи амният, энержӣ ва тиҷорат бо ин кишварҳост. Рӯзи ҷумъа дар шаҳри Пекин, Ангела Меркел ва раҳбарони Чин ваъдаи ҳамкории наздиктар доданд ва миёни ду кишварҳои ҳам қарордодҳое дар заминаи тиҷорат, энержӣ ва муҳити зист ба имзо расид. Дар Русия, ширкати азими муҳандисии Сименси Олмон, бо Ширкати роҳҳои оҳани Русия як қарордоди 2 миллиарду 800 миллион долларӣ имзо кард ва бар асоси он Русияро бо 240 қатори нав таъмин хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG