Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокинони Тоҷикистон хушбахт нестанд?


Тоҷикистон ба феҳристи кишварҳое шомил шуд, ки мардумаш худро хушбахт эҳсос намекунанд. Дар ин феҳрист, ки бар пояи назарпурсии маркази Gallup таҳия шудааст, Тоҷикистон дар мақоми 130-ум ҷойгир аст. Дар як хат бо Тоҷикистон ҳамчунин Судон, Ҷибутӣ, Мадагаскар, Непал, Муғулистон ва Лаос қарор гирифтаанд.

Мардуми панҷ кишвар – Дания, Финляндия, Норвегия, Шветсия ва Ҳоланд худро хушбахт мешуморанд. Ба навиштаи маҷаллаи Forbes, сатҳи зиндагӣ дар ҳамаи ин кишварҳо баланд аст, мардум соҳиби ҷойи коранд ва маблағе ба даст меоваранд, ки ба барои бароварда сохтани ниёзмандиҳо ва пасандоз карданашон кофист.

Дар назарпурсӣ 82 дар сади сокинони Дания изҳор намуданд, ки хушбахтанд, 17 дар сад гуфтаанд, ки дар рӯзгор каму беш мушкил доранд ва ҳамагӣ як дар сад ранҷ кашидани худро ошкор кардаанд. Зимнан бори аввал нест, ки Дания дар садри феҳристи кишварҳои “хушбахт”-и олам ҷой мегирад. Ду сол пеш ин кишвар дар феҳристи Барномаи Ҷаҳонии пажуҳиши арзишҳо - World Values Survey ва соли 2006 дар як таҳқиқоти Донишгоҳи Лейстери Бритониё дар хатти аввал қарор дошт. Як сол пеш дар феҳристи “Сайёраи хушбахт” - Happy Planet Index, ки аз сӯи бунёди хусусии бритониёвии New Economics Foundation таҳия шуда буд, кишварҳои Амрикои Лотин дар хатти аввал ҷой гирифта буданд.

Бадбахттарин кишвари сайёра

Дар феҳристи имсолаи Маркази Gallup Финляндия дар мақоми дуввум ҷойгир аст. Бар пояи назарпурсӣ, 75 дар сади финҳо аз рӯзгорашон комилан розиянд. 23 дар садашон баъзе мушкилот доранд ва фақат 2 дар сад аз азияту машаққати худ ҳарф задаанд. Норвегия – саввумин “кишвари хушбахт” ва ягона давлатест, ки нафаре аз мусоҳибони маркази Gallup аз ранҷҳои рӯзгор шиква накардааст. 69 дар сади мардуми кишвар худро хушбахт мехонанд.

Миёни кишварҳои осиёӣ шаҳрвандони Зеландияи нав, дар Амрико сокинони Коста Рика ва дар қораи Африқо мардуми кишвари Малавӣ аз зиндагияшон комилан розиянд. Дар ҳамин ҳол, дар феҳристи “кишварҳои хушбахт” ИМА дар хатти 14, Олмон дар ҷойи 33, Фаронса дар хатти 44 ва Ҷопон дар мақоми 81-ум ҷойгир шудаанд. Мардуми кишвари африқоии Того дар пойини феҳрист қарор доранд – дар ин кишвар фақат як дар сади мардум худро хушбахт мешуморанд.

Туркманҳо – хушбахттарин мардуми шӯравии собиқ?

Аз кишварҳои собиқ шӯравӣ, ғайриинтизор, Туркманистон дар феҳристи маркази Gallup дар мақоми 18-ум қарор гирифтааст. 52 дар сади мардуми ин кишвари Осиёи Марказӣ худро хушбахт мешуморанд. Барои қиёс - фақат 7 дар сади мардуми Тоҷикистон гуфтаанд, ки аз рӯзу рӯзгорашон розиянд. 74 дар сад мушкил доранд ва 19 дар сад гуфтаанд, ки пайваста ранҷ мекашанд. Зимнан, миёни кишварҳои собиқ шӯравӣ Тоҷикистон дар хатти аз ҳама поён қарор дорад.

Коршиноси тоҷик Саймуддин Дӯстов бо пажуҳиши ахири Маркази Gallup мувофиқ аст ва мегӯяд, ки дар вазъи феълӣ дар Тоҷикистон теъдоди мардуми хушбахт воқеъан ҳам андак аст, Ба гуфтаи ӯ, “имрӯз беш аз 60 дар сади мардум дар сатҳи фақр ба сар мебаранд ва рӯзона наметавонанд аз ду доллар бештар сарф кунанд, вазъи мактабу маориф тоқатфаросост, соҳаи тандурустӣ хуб нест, аксари мардум худро дар амн ҳис намекунанд, ҷойи кор нест ва муҳоҷирати корӣ дар Русия бо ҳалокати муҳоҷирони тоҷик пайванд дорад ва соле то 700-800 нафари онҳо ба ҳалокат мерасанд, ва ҳамчунин интихоботи парлумонии ахир, ки умедҳои мардумро барои зиндагии беҳтар барбод дод, албатта, дар чунин вазъ мардум наметавонанд худро хушбахт эҳсос кунанд”.

Осоиши фарзандон – ганҷи бебаҳо?

Аз нигоҳи коршиносон, доштани ҷойи кори доимӣ, мақому манзилат дар ҷомеъа, маоши хуб, манзилу мошин ҳам меъёри хушбахтӣ маҳсуб мешавад. Ва аммо, ба гуфтаи Саймуддин Дӯстов, дар ҷомеъаи Тоҷикистон, ба вижа, дар деҳоти кишвар “меъёрҳои хушбахтӣ қарнҳо боз тақрибан бетағйир боқӣ мондаанд – тансиҳатии аҳли хонавода, сарҷамъиву тифоқӣ дар хонадон, фарзандору наберадор шудан”. Ӯ меафзояд, ки баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ мардум амнияту саломатии фарзандонро “ганҷи бебаҳо” мехонанд.

Ҳамзамон, ба гуфтаи таҳлилгари тоҷик, дар ҷомеъаи феълии Тоҷикистон афроде, ки бо раисиҷумҳуру хонаводаи ӯ наздиканд, дар ҳукумату мақомоти маҳаллӣ мансаб доранд ва аз ин рӯ соҳиби даромади хубанд, шояд метавонанд худро хушбахт эҳсос кунанд.
Ва, меафзояд ӯ, дар Тоҷикистон боз табақае низ ҳаст, ки худро комилан хушбахт меҳисобад ва ин афрод миёни мардум ҳамчун “дӯсти Худо” маъруфанд.
XS
SM
MD
LG