Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикояти наздикони қурбониёни шиканҷа дар маҳбаси Эрон


Бародари як боздоштшудаи тазоҳуроти пасоинтихоботии соли 2009-и Эрон, ки дар маҳбас ба ҳалокат расидааст, аз ҳукми додгоҳ нисбати ходмиони зиндон, ки дар шиканҷаи боздоштшудагон айбдор мешаванд интиқод кард. Бобаки Ҷаводифар, ки бародараш Амир тобистони гузашта дар боздоштгоҳи Коҳрезак кушта шуд, ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳое ки дар қатли бародари ӯ масъуланд, ба мӯҳлатҳои кӯтоҳи маҳбас, ихроҷ аз кор, шаллоқ маҳкум шудаанд. Ду нафари онҳо ҳукми қатл гирифтанд, аммо сарҳанге, ки ба гуфтаи шоҳидон Амири Ҷаводифарро латукӯб кард ва ба ҳалокат расонд, беҷазо монд. Пайвандони боздоштшудагони дигар низ аз ҳукми додгоҳ изҳори ноқаноатмандӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG