Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тақрибан як сол пеш дар Осорхонаи миллии ба номи Камолиддин Беҳзоди Тоҷикистон гушаи «Тӯҳфаҳои президентӣ» таъсис дода шуд. Дар ин гӯша бештар аз 100 тӯҳфаи намояндагони кишварҳои хориҷӣ ба раисиҷумҳури Тоҷикистон ба намоиш гузошта шудааст.

Тӯҳфаҳои ин намоишгоҳ дар солҳои 2004 -2005 ба раисиҷумҳури Тоҷикистон инъом шудааст. Шумораи бештарини тӯҳфаҳоро ба раисиҷумҳури Тоҷикистон раҳбарият ва мансабдорони Русия тақдим кардаанд.

Тавре ба назар мерасад, ин тӯҳфаҳо бо завқи афроди тамдимкунанда интихоб шудаанд. Вале гуфта мешавад, ки қабл аз тақдими тӯҳфа ба шахси аввали як кишвар хоҳиш ва таваҷҷӯҳи ӯ ба тӯҳфаҳо мавриди омӯзиш қарор мегирифтааст. Инчунин тӯҳфа ба нафари аввали давлатро дар иртибот ба муносибати он ду кишвар эъто мекардаанд:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG