Пайвандҳои дастрасӣ

Фестивали тарона ва рақси «Боми ҷаҳон» субҳи рӯзи ҷумъа бо садои даф дар кафи бонувон дар боғи фарҳангу фароғати шаҳри Хоруғ кушода шуд.

Масъули лоиҳа Самандар Пулодов баргузории фестивалро борои ҳамоиши фарҳангии мардумони кишварҳои ҳамҷавор ва ба ин васила истеҳкоми дӯстӣ ва эҳтиром ба гуногунфарҳангӣ ва ҷалби ҳар чи бештари саёҳон ба минтақа муҳим арзёбӣ намуд.

Қарор аст, ки дар фестифал гурӯҳҳои ҳунарӣ аз Тоҷикистон, Афғонистон , Қирғизистон ва манотиқи Чатроли Покистон ва Тошқурғони Чин ширкат меварзанд. Масъули лоиҳа афзуд, ки аммо гурӯҳи ҳунарии тоҷикони Чин бинобар мушкилоти раводид аз марз баргардонда шуданд, вале умед ҳаст, ки дар рӯзи дувввум ва охири фестивал мерасанд ва қалби ҳаводорони созу сурудро шод хоҳанд кард.

Армуғони ҳунармандони афғонистонӣ

Аммо ҳунарманди афғонистонӣ Зикруллои Бадахшонӣ мегӯяд, ки онҳо бо гурӯҳи мутрибон ва овозхонҳо аз шаҳри Файзобод ва вулусволии Шуғнони Афғонистон санъаташонро ба иштирокдорон муаррифӣ мекунанд.

Ҳунармандони афғонистонӣ ҳамчунин фаровардаҳои дастиашонро барои намоиш ва фурӯш дар боғ гузоштаанд. Ба гуфтаи Сафармамад валади Чоршанбе, тарзи тайёр намудани чакман ва ё гилеми бадахшонӣ, ки маҳсули муштаркаи зану мард аст, дар тарафи Бадахшони Тоҷикистон аз байн рафтааст.

Вай афзуд, аммо бо асбобу афзори қадимаи маҳфузмонда дар вулусволии Шуғнони Афғонистон бофтани чакман ва ё гилеми қадимаи мардуми мумкин аст ва онҳо гилемҳои серхаридор ва дигар намудҳои маҳсулоти пашминро ба бозор овардаанд.

Достони "Манас" зери садои домбура


Қирғизистонро дар ин фестивал гурӯҳи фолклории «Устатшакирт» намояндагӣ мекунанд. Ромишгар Талгат Орозбаев мегӯяд, ки онҳо бо садои домбура, қомуз ва достони «Манас» паёми дӯстиро ба домани кӯҳҳои Боми ҷаҳон армуғон овардаанд.

5 нафар мутрибону созандагони Чатроли Покистон низ бо асбобҳои халқии сетор, най ва даф ҳунари тоҷикони ин кишвари ҳамҷаворро ба иштирокдорони фестивал муаррифӣ мекунанд.

Сеторнавози машҳури тоҷик Мамадато Таваллоев мегӯяд, ки вай қариб як сол дар назди мухлисон сетор нанавохтааст, аммо муҳити ҳамоиши фарҳангиро гарм дарёфтааст ва сеторашро боз ба даст мегирад.

Нақши фестивал дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ

Ҳунарманди мардуми Мусаввал Минаков баргузории фестивалро имкони хуб барои ҳамгироии бештари фарҳангии халқҳо ва такон бахшидан ба эҳёи ҳунарҳои мардумии минтақа мешуморад. Вай гуфт, ки маҳз тавассути чунин ҳамоишҳо сетор, лабчанг, танбур, ғижжакнавозӣ ва сурудҳои мардумии қариб азёдрафта боз рӯи саҳна меоянд ва умрашон дароз мешавад.

Ба гуфтаи журналист Амони Мардон, аммо ҳунармандони навоҳии Бадахшон ва созмонҳои байналмилали фестивалро фурсати муносиб барои муаррифӣ намудани намунаҳое аз фаровардаҳои дастӣ ва тарғиби барномаҳои амаликардаи хеш дарёфта, аз он хуб истифода кардаанд.

Дар фестивал ансамбли «Дилнавоз»-и Хуҷанд , созандагону навозандагон ва гурӯҳҳои ҳунарӣ аз кулли навоҳии вилоят низ баромад мекунанд.

Ба гуфтаи Самандар Пулодов, фестивал бо ибтикор ва кумаки молии созмонҳои байналмилали ва ташкилотҳои ҷамъиятии маҳаллӣ баргузор шуда, гузаронидани чунин ҳамоиши фарҳангӣ дар Бадахшон ба ҳукми анъана даромадааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG