Пайвандҳои дастрасӣ

Исфандиёри Раҳим Машоӣ, мушовири олӣ ва раиси даcтгоҳи раёсатҷумҳурии Эрон, мегӯяд, дар дидораш бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз "зарурати як фасли ҷадид дар равобити Эрон ва Тоҷикистон" гуфтугӯ кардааст. Вай эълом дошт, Эрон дар паҳлуи Тоҷикистон қарор хоҳад гирифт ва ҳаргиз дар ҳимоят аз он кӯтоҳ нахоҳад омад.

Исфандиёри Раҳим Машоӣ, мушовири олӣ ва раиси даcтгоҳи раёсатҷумҳурии Эрон, эълом дошт, ки давлати Эрон дар ҳар шароите паҳлуи давлат ва миллати Тоҷикистон қарор хоҳад гирифт ва ҳаргиз дар ҳимоят аз онҳо кӯтоҳ нахоҳад омад.

Раҳбари дастгоҳи президент Аҳмадинажод ба бисёре аз риштаҳои ҳамкории Эрону Тоҷикистон, муштаракоти таърихӣ ва зарфиятҳои корнахӯрдаи ду кишвар дахл ва дар масъалаҳои минтақаӣ паёмҳои қавӣ дод.

Ҷойгоҳи Машоӣ дар давлати Эрон

Бино бар андарзи қадимии тоҷикон -- “мангар, ки кӣ мегӯяд, бингар, ки чӣ мегӯяд”, баёнияҳои ҷаноби Машоӣ қобили таваҷҷӯҳанд, аммо ҳамин сифати онҳо водор мекунад, нигариста шавад, ки чӣ касе онҳоро гуфтааст. Ва оё Исфандиёр Раҳим Машоӣ дар силсиламаротиби қудрат дар Эрон чӣ ҷойгоҳ ва ҳарфи ӯ чӣ вазн дорад ва то куҷо ӯ метавонад, сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Исломиро таъин кунад.

Алиризо Нуризода
Профессор Алиризо Нуризода аз Маркази мутолиоти арабу эронӣ дар Лондон мегӯяд, Машоӣ яке аз наздиктарин афроди раисиҷумҳури Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод аст ва байни онҳо робитае шабеҳ ба муршиду мурид вуҷуд дошта, Аҳмадинажод аз ҳамаи гуфтаҳои Машоӣ ҳимоят мекунад: "Дар бисёре аз маворид мебинем, оқои Раҳими Машоӣ ҳарферо мезанад, ки мавриди эътирози бисёре аз масъулон ва рӯҳониён қарор мегирад, вале оқои Аҳмадинажод қотеона дар канори ӯ меистад. Дар давраи аввали раёсатҷумҳурӣ эшон муовини раиси ҷумҳур буд, вале дар давраи дувум оқои Аҳмадинажод ӯро ба муованати аввал интихоб кард, ки дар низоми Ҷумҳурии Исломӣ ҷойгоҳе мисли нахуствазирро дорад. Вале эътирози шадиде нсибати оқои Раҳими Машоӣ шуд ва ҳатто оқои Хоманаӣ мудохила кард ва монеъ аз ин шуд, ки эшон ба муованати аввали раёсатҷумҳурӣ бирасад, вале Аҳмадинажод билофосила ӯро ба унвони раиси дафтараш баргузид, раиси дафтаре, ки қудраташ аз бисёре аз вузаро бештар аст ва қодир аст, ки вазиронро ҷобаҷо кунад, дастур диҳад ва дар мавориде тасмими ӯ фаротар аз тасмими ҳайати вазирон аст."

Ба гуфтаи Нуризода, Машоӣ (бар замми он ки бо Аҳмадинажод пайванди хонаводагӣ дорад – духтари ӯ бо писари Аҳмадинажод издивоҷ кардааст) дар ҳамаи сафарҳои хориҷӣ президенти Эронро ҳамроҳӣ мекунад ва ӯ касест, ки аз номи Эрон дар гуфтушунидҳои махфӣ бо сиёсатмадорони наздик ба президенти Амрико, Барак Обама, ширкат кардааст.

Ҳушдорҳо ба Узбакистон ва абарқудратон

Яке аз муҳимтарин нукоти сӯҳбатҳои ҷаноби Машоӣ, ба боздошти вагонҳои Тоҷикистон дар роҳи оҳани Узбакистон рабт дошт, ки аз ҷумла сабаби таъхир дар эҳдоси нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯдаи 2", яке аз тарҳҳои Эрон дар Тоҷикистон шудааст. Зиёда аз чаҳор моҳ аст, Узбакистон зимни мухолифаташ бо бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар Тоҷикистон, ҳаракати вагонҳоеро, ки роҳии ин кишваранд, бо мушкил рӯбарӯ кардааст. Узбакистон ҳарос дорад, ки бунёди ин обанбор метавонад, маҷрои обро ба кишварҳои поёноб коҳиш диҳад ва Душанберо соҳиби фишанги таъсир ба Тошканд гардонад. Дар ҳамин пасманзар ҷаноби Машоӣ гуфт: "Мутаассифона, мо бо ин воқеияти талх мувоҷеҳ ҳастем, ки бархе иқдомот, ки анҷом мешаванд, дар шаъни ҳамсоягӣ нест. Яъне ду кишвари ҳамсоя аз ду фарди ҳамсоя амнияташон бештар аст."

Ҷаноби Машоӣ изофа кард, ки Узбакистон бояд муносибатҳояшро бо Эрон дар бастае бо Тоҷикистон бинад, зеро, ба гуфтаи Машоӣ,
Аз рост -- президент Аҳмсадинажод ва ёвараш Машоӣ
Эрон аз Тоҷикистон ҷудо нест ва бо манофеи Тоҷикистон тиҷорат низ нахоҳад кард. Бо таъкид ба зарурати оромиш дар минтақа ҳамчун омили "тавсеаи кишварҳои минтақа" Машоӣ қудратҳои бузургро ҳадафи танқид қарор дод: "Ман дар маҷмӯъ мехоҳам ду нуктаро арз бикунам. Яке ин ки давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар канори давлат ва миллати Тоҷикистон истодааст. Инро мо ба унвони як сиёсати стротежик тавзеҳ мекунем ва аз ин кӯтоҳ намеоем. Бино бар ин сиёсати мо ин аст, ки ба таври стротежик ҳамкориамонро бо Тоҷикистон тавсеа медиҳем. Масъалаи дувум ин аст, ки сиёсатҳои ғайридӯстона ва ғайримунсифона, ки мӯҷиби ихтилофандозӣ мешавад, маъмулан аз қудратҳои бузург дикта шуда ва реша дар минтақа надорад."

Ин баёнияҳои ҷаноби Машоӣ дар ҳоле садо медод, ки ӯ дар дидор бо раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зарурати оғози як фасли нав дар равобити байни Эрону Тоҷикистонро матраҳ кардааст.

"Фасли нав", яъне чӣ?

Эроншинос, мушовири пешини ноиби раиси Думаи давлатии Русия, доктор Раҷаб Сафаров дар як тамоси телефонӣ аз Маскав мегӯяд, Машоӣ аз роҳкори нави Эрон хабар дод, ки Теҳрон баъд аз озурдагӣ аз Русия ва бо назардошти аҳамияти стратегии Осиёи Марказӣ ва ҳам вазъият дар ин минтақа дар пеш гирифтааст.

Ба назари ҷаноби Сафаров, пас аз он ки Русия аз тарҳимҳои нави Шӯрои Амният зидди Эрон пуштибонӣ кард, Теҳрон ҷасуронатар ва беибо гом мебардорад. Вай меафзояд ҳушдори Теҳрон ба Узбакистон низ як падидаи нав аст, аммо сабабҳои маҳаллии худро дорад: "Ин як чизи нав дар сиёсати муосири Эрон аст. Қаблан Эрон чунин сиёсати дандондор, қатъӣ ва ҷасурона надошт. Ин нишон медиҳад, ки Эрон дар дифоъ аз манофеи худ дар ҳама ҷои мумкин ва дар навбати аввал дар Осиёи Марказӣ қотеъ хоҳад буд. Намоиши нерӯ ва қатъият як тарафи кор аст ва тарафи дигари муҳим ин аст, ки ултимотуми Эрон вижагии намодӣ низ дорад. Гар дар сари ин аст, ки бархе аз тарҳҳои Эрон дар Тоҷикистон кашол ёфта, "гӯштиуштурхӯрда" шудаанд ва ба симо ва обрӯи Эрон зарба мезананд."

Доктор Сафаров бар ин аст, ки Эрон дарвоқеъ мехоҳад, ин таррҳоро ба муваффақият расонад, аз ин лиҳоз ихлоле, ки Узбакистон офаридасст, барои Теҳрон таҳаммулнопазир аст. Ин ҳам дар ҳоле ки Русия ва Узбакистон, зоҳиран дар як тарафи қазияанд ва Маскав нақши довариро дар баҳси байни кишварҳои Осиёи Марказӣ аз дӯши хеш канор гузоштааст.

Коршиноси тоҷик, Қосими Бекмуҳаммад низ бар ин аст, ки Эрон пеш аз ҳама манфиатҳои худро дар назар дорад: "Ба назари банда, марҳилаи нави равобити миёни Тоҷикистон ва Эрон ба ин маъно хоҳад буд, ки аз ин ба баъд Ҷумҳурии Исломии Эрон бо таваҷҷӯҳ ба манофеи миллӣ ва геополитикие, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ дорад, дунболи таҳаққуқи ҷиддитари тарҳҳои мухталифи худ дар арсаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ дар Тоҷикистон хоҳад буд."

Таъми талхи Шонгҳой ва тарҳимҳо

Вале бо вуҷуди таъкид ба ин риштаҳо, Қосими Бекмуҳаммад баёнияи Машоиро бештар сиёсӣ мешуморад, то иқтисодӣ. Ба андешаи ӯ, Теҳрон дарк кардааст, ки дар баробари муносибати мӯҳтотонаи он дар минтақа, кишварҳои дигар пайгирона ба дунболи манофеи миллӣ ва геополитикии худ рафтаанд. Барои намуна, бо вуҷуди рӯҳияи зиддиғарбии Созмони Шонгҳой, Русия ва Чин ба узвияти Эрон дар ин иттиҳод роҳ надоданд.

Ин ва намунаи дигарро ба Теҳрон, ба қавли ҷаноби Бекмуҳаммад, худи Русия ва Чин, ду узви Шӯрои Амният, нишон додаанд ва он ҳам дар робита ба худи Эрон. Ҳарду кишвар дар ивази манфиатҳои хеш аз бастаи таҳримҳои нав ва шадиди зидди Теҳрон пуштибонӣ карданд. Тарҳи таҳримҳоро Иёлоти Муттаҳида пешниҳод карда буд ва Теҳрон борҳо аз Маскав мехост, ба фишори Амрико дода нашавад. Аммо Маскав ахиран ба ин ақидаи Вошингтон, ки ҳадаф аз ғанисозии уран дар Эрон дастёфт ба силоҳи ҳастаист, розӣ шудааст.

Талошҳои Эрон, ки ба василаи созишномаи табодулаи сӯхти ҳастаӣ барои реактори илмӣ бо Бразилия ва Туркия аз таҳримҳои нав пешгирӣ мекунад, натиҷа надоданд ва баракс, Русияро, ки мехост, як маркази табодулаи сӯхт барои Эронро дар қаламрави худ бунёд кунад, озурда намуд.

Мудири Пажӯҳишгоҳи масоили ҷаҳонӣ дар Донишкадаи муносибатҳои байнулмилалии Маскав, Виктор Мизин мегӯяд, зоҳиран, Эрон ҳоло ба худ ҳақ додааст, ки дар равобиташ бо Осиёи Марказӣ дигар бозпас ба Русия нигоҳ накунад. Вай меафзояд: "Ба назари ман, дар Теҳрон бояд ба чунин иқдом муносибати эҳтиёткорона дошта бошанд ва талош накунанд, ки вазъи бе ин ҳам номӯътадили Осиёи Марказиро ларзиши бештар диҳанд. Бозии рӯи ин равандҳо, он гуна ки мо дар таърих аз тарафи мустамликадорони бритониёӣ дидаем, гумон аст, сиёсати дурандешонае бошад."

Дар тафовут бо Мизин, собиқ сафири вазифаҳои вижаи Вазорати умури хориҷии Русия ва ҳоло корманди Маркази пажӯҳиши масъалаҳои ҷангу сулҳ дар Маскав, Виталий Литвин, мегӯяд, ҳарчанд ҳимояти Русия аз таҳримҳои зидди Эрон ба равобити Маскаву Теҳрон халале ворид кардааст, талошҳои Эрон дар Осиёи Марказӣ ба муқобили Русия нигаронида нашудааст.

Литвин меафзояд: "Ба назари ман, бо вуҷуди шиору нидоҳои шадид аз тарафи мақомоти Эрон, ҳамкориҳо идома ва тавсеа хоҳанд ёфт, ҳарчанд, ба фикри ман, гардиши мол дар байни мо начандон бузург аст ва Эрон дар экспорти Русия дар ҷойҳои охир аст, аммо бо васфи ин, зарфиятҳои бузурге мавҷуд аст. Инҳо эҳдоси нерӯгоҳи атомии Бушер, ҳавопаймосозӣ, зербинои нақлиётӣ, ҳамкории ҳарбию фаннӣ ва ғайра. Хуллас, Русия ҳам мисли Эрон хостори густариши ҳамкориҳост. Аммо аслан, ҳама чиз рӯшан аст. Эрон мехоҳад, дар ин минтақа ҷойгоҳи фаъоли байнулмилалӣ дошта бошад."

Эрон дар Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон

Талоши Теҳрон ба тақвияти ҷойгоҳаш дар минтақа наметавонист аз Тоҷикистон -- ягона давлати форсизабони Осиёи Марказӣ сар нашавад. Эрон аз ҳамон оғози истиқлолияти Тоҷикистон дар соли 1991 бо Душанбе робитаҳое хосе дошт. Ҳарчанд аввал бархӯрди Эрон ба Душанбе таҳти таъсири номаи машҳури Оятуллоҳ Хумайнӣ ба раҳбари вақти Шӯравӣ Михаил Горбачев зери бори идеолужик қарор дошт, дертар дар давраи президент Хотамӣ тарҳҳои иқтисодӣ ва сармоягзуорӣ ба миён омаданд ва муносибатҳо тадриҷан прагматик шудаанд.

Гуфтушуниди сулҳи Тоҷикистон дар солҳои 1994-1997 барои Теҳрон беҳтарин имконияте буд, ки ба коршарики наздики Русия табдил ёбад.

Ин дар ҳолест, ки робитаҳои Эрон бо Қазоқистон, Узбакистон ва Қирғизистон тақрибан дар як сатҳи миёна, бе тағйири ҷиддӣ идома кардаанд. Танҳо бо Туркманистон муносибатҳои наздиктаре эҷод шудаанд, ки ҳарорат дар онҳо гоҳ боло ва гоҳ поин рафтааст.

Таҳлилгари умури Осиёи Марказӣ, Александр Князев дар матлабе таҳти унвони "Стратегияи минтақаии Эрон" менависад, бо вуҷуди ҳамаи зеру бамҳо, Эрон дар соли 2005 чанд фароянди сиёсати хориҷии худро ба ҳам овард. Инҳо доктринаи охирин шоҳи Эрон Ризо Паҳлавӣ дар бобати табдили кишвар ба абарқудрати минтақаӣ, назарияи президент Алиакбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ -- бештарин прагматизм дар иқтисодиёт, ҳамгироии тадриҷӣ бо иқтисодиёти ҷаҳонӣ ҳамчун андешаи асосии президент Муҳаммади Хотамӣ мебошанд.

Ба ақидаи Князев, Эрон дар лаҳзаҳои мусоид ин сиёсатро дар баробари кишварҳои Осиёи Марказӣ амалӣ менамояд.

Бархӯрди эҳтимолии Ғарб

Таҳлилгари тоҷик Қосими Бекмуҳаммад низ бар ин аст, ки бо вуҷуди тамаркуз ба Тоҷикистон Эрон аз манфиатҳои худ дар дигар кишварҳои минтақа ва аз ҷумла Афғонистон, ки ҳоло НАТО ва Иёлоти Муттаҳида дар он ҳузури ҳарбӣ доранд, қатъи назар нахоҳад кард. Ин талошҳо, ба гуфтаи Раҷаб Сафаров ҳатман нигаронии Ғарбро ба дунбол хоҳад дошт:

"Ҳама гуна фаъолшавии Эрон дар ҳар кишвари дунё ва махусан дар Осиёи Марказӣ нигаронии вижаи кишварҳое чун Иёлоти Муттаҳида, Русия, Чин ва дар сафи дувум кишварҳои Аврупоро ба вуҷуд хоҳад овард. Ман комилан мӯътақидам, ки онҳо барои чунин нигаронӣ асос доранд, зеро ҳама гуна фаъолшавии Эрон дар Осиёи Марказӣ аз нигоҳи онҳо талоше барои хориҷ шудан аз инзивои байнулмилалӣ хоҳад буд ва сониян, бахши башарию фарҳангии марбут ба идеологияи Эрон, яъне ислом, низ муҳим аст, ки беш аз ҳама онҳоро метавонад, нигарон кунад."

Аммо бархилофи ин дидгоҳи Сафаров, профессор Алиризо Нуризода мегӯяд, Ғарб ба наздикии байни Тоҷикистон ва Эрон бетафовут хоҳад монд, ба шарти ин ки ин наздикӣ аз “хатти сурх” убур накунад:

"Ғарб комилан инро дарк мекунад, ки масалан, кишваре мисли Афғонистон, мисли Ироқ, мисли Тоҷикистон агар равобити дӯстонае бо Эрон дошта бошанд, ин дар таоруз бо масоили Ғарб нест. Ба маънои дигар, Ҷумҳурии Исломӣ ба ҷои он ки нақши тахриб дар кишварро дошта бошад, ҳарфи дигар аст, аммо нақши созанда дошта бошад, фарқ мекунад. Агар наздикӣ аз як ҳудуд берун равад, он гоҳ эҷоди нигаронӣ ва суитафоҳум мекунад. Ин хеле муҳим аст. Вале, ба назари ман, Тоҷикистон ҳам ба ҳар ҳол дорои давлатест, ки масъалаҳои худро ташхис медиҳад ва оқилона тасмим мегирад. Бино бар ин, Тоҷикистон агар бо Эрон ҳам дӯстӣ бикунад, ин дӯстӣ ҳар қадар ҳам ки густарда бошад, аз як хатте таҷовуз нахоҳад кард. Тоҷикистон бо Эрон, масалан, вориди қарордодҳои стротежики низомӣ-амниятӣ нахоҳад шуд. Вале аз назари иқтисодӣ ҳеч чиз монеъ нест, ки ду кишвар бо ҳам равобити наздик дошта бошанд ё аз назари фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва агар Эрон битавонад, кӯмакҳое ба Тоҷикистон бикунад, ки мушкилоти ин кишварро ҳал бикунад, тасаввур намекунам, ки ҳеч навъ мухолифате дошта бошад."

Зимнан, намояндаи Вазорати умури хориҷии Амрико дар гуфтугӯ бо Радиои Озодӣ тазаккур дода буд, ки кишвараш аз муносибатҳои Тоҷикистон ва Эрон то замоне ки ин равобит ба манфиатҳои Иёлоти Муттаҳида дахл накунанд, нигарон нахоҳад буд.

Вокуниши расмии Русия ва Узбакистон то замоне ки ин гузориш таҳия мешуд, ба нашр нарасидааст. Ва ин ҳам маълум нашудааст, ки дар ҳоли ҳозир амалан Тоҷикистону Эрон дар фасли нави равобити худ то куҷо қадам гузоштаниянд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG