Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду фармондеҳи Толибон дар Афғонистон кушта шудаанд


Полиси Афғонистон мегӯяд, фармондеҳи Толибон, ки масъули ҳамлаи маргталабона ба созмони хайрияи амрикоӣ дар шимоли Афғонистон буд, дар як зарбаи нерӯҳои ҳавоии НАТО кушта шуд. Абдулраззоқ Яъқубӣ, сардори полиси вилояти Кундуз гуфт, фармондеҳи маҳалли толибҳо Қорилатиф ва 12 ошӯбгари дигар дар ҳамлаи ҳавоии рӯзи панҷшанбе ба ҳалокат расидаанд. Ҳарбиёни НАТО тасдиқ карданд, ки як ҳамлаи ҳавоӣ сурат гирифтааст, аммо натиҷаҳои он мавриди пажӯҳишанд. Дар ин байн, НАТО гуфтааст, дар як даргирӣ дар вилояти Фароҳ фармондеҳи дигари толибон, Мулло Ахтар, ки ситезаҷӯёнеро аз Эрон ба Афғонистон қочоқ кардааст, кушта шуд. НАТО аз мансубияти миллии ин ситезаҷӯён хабар надодааст.
XS
SM
MD
LG