Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имзои қарордодҳои чандмиллиардӣ байни Чин ва Олмон


Чин ва Олмон дар ҷараёни сафари сарвазири Олмон, Ангела Меркел ба Пекин созишномаҳоеро ба имзо расонданд, ки миллиардҳо доллар арзиш хоҳанд дошт. Аз ҷумла қарордоди байни ширкатҳои Сименси Олмон ва "Шангхай Электрик Груп" сеюним миллиард ва байни Даймлер-Бензи Олмон ва Фотон Моторзи Чин 6 миллиарду 300 миллион долларро ташкил доданд. Ин дар ҳолест, ки Меркел дар дидор бо сарвазири Чин, Вен Ҷябао имрӯз дар Пекин аз Чин даъват кард, бозори худро барои ҷаҳон боз кунад. Олмон бе ин ҳам аз бузургтарин шарикони тиҷоратии Чин буда, гардиши мол байни онҳо дар соли гузашта аз 100 миллиард доллар убур кардааст.
XS
SM
MD
LG