Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Отунбоева хостори ҳузури пулиси аврупоӣ дар Ӯш шуд


Роза Отунбоева, раисиҷумҳури Қирғизистон

Роза Отунбоева, раисиҷумҳури Қирғизистон

Ҳукумати Қирғизистон хостори ҳузури нерӯҳои пулиси байнулмилалӣ дар ҷануби ин кишвар шудааст. Роза Отунбоева, раисиҷумҳури Қирғизистон, дар сӯҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, ки ин нерӯҳо метавонанд дар шаҳри Ӯш мустақар шаванд.

Дар бораи мандати эҳтимолии пулиси байнулмилалӣ хонум Отунбоева гуфт: "Ин нерӯҳо муваққатан барои чаҳор моҳ ин ҷо хоҳанд буд. Мо шаҳри Ӯшро дубора месозем. Масалан, онҳо заруранд то амнияти шаҳри Ӯшро таъмин кунанд. Онҳо силоҳ нахоҳанд дошт."

Баҳси вазъи Қирғизистон дар нишасти САҲА

Ин изҳороти президенти Қирғизистон дар ҳолест, ки интизор меравад, вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар нишасти ғайрирасмии худ дар шаҳри Алмаато бештар рӯи сабабу омилҳои рӯх додани ҳаводиси ҷануби Қирғизистон тамаркуз хоҳанд кард.

Ин нахустин нишасти вазирони 56 кишвари узви созмон дар Осиёи Марказӣ баъд аз низоъи ваҳшатбори қавмии як моҳи пеш дар вилоятҳои Ӯш ва Ҷалолобод хоҳад буд.

Бар асари задухӯрдҳо миёни қирғизҳову ӯзбакҳо дар ҷанубии Қирғизистон 309 нафар ба ҳалокат расиданд ва тақрибан 400 ҳазор нафар, асосан, ӯзбакҳо, иҷборан ин вилоётро тарк намуданд. Ба иттиллоъи мақомоти Қирғизистон, дар ин низоъ тақрибан 2500 манзили зист, беш аз сад бинои муассисаҳои тиҷоратӣ ва даҳ бинои ҳукуматӣ пурра ва ё қисман тахриб шуд.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, қабл аз нишаст вазирони умури хориҷии ду кишвар – Олмон ва Фаронса аз шаҳри Ӯш, дуввумин шаҳри бузурги Қирғизистон дидан карданд. Ба дунболи ин Гидо Вестервелле ва Бернард Кушнер ба Бишкек сафар ва бо раисиҷумҳури Қирғизистон Роза Отунбоева мулоқот мекунанд.

Пулис ё мушовир?

Яке аз мавзӯъҳои аслии нишасти САҲА дар Алмаато вазъи Қирғизистон унвон мешавад
Нишасти ғайрирасмии вазирони умури хориҷии кишварҳои узви САҲА дар фароғатгоҳи Оқ-Булоқи канори Алмаато дар ҳоле баргузор мешавад, ки даъватҳо аз ин созмон барои саҳмгирӣ дар эътидоли авзоъ дар Қирғизистон ҳарчӣ баландтар садо медиҳанд.

Киммо Килюнен, сафири вижаи Маҷмааи парлумонии САҲА дар Осиёи Марказӣ, низ талош дорад то созмонро ба зарурати интиқоли нерӯҳои пулиси байнулмилалӣ ба ҷануби Қирғизистон мутмаин созад.

Дар як сӯҳбат бо хабарнигорон ӯ гуфта буд, ки ҳузури мушовирон аз ҳисоби кормандони пулиси байнулмилалӣ ба эҳёи фазои эътимод ва коҳиши шиддати авзоъ дар ҷануби Қирғизистон мусоидат хоҳад кард. Ба гуфтаи Килюнен, мавзӯи интиқоли нерӯҳои пулис ба Қирғизистонро вазирони умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ҳам баррасӣ карданд. Ва аммо Иттиҳодияи Аврупо дар робита ба омодагиҳояш барои интиқоли нерӯҳо ҳанӯз изҳороте пахш накардааст.

Тафтиши ҳаводиси Ӯш ба хотири эҳёи эътимод?

Вазири хориҷаи Олмон Гидо Вестервелле ҳини дидор аз минтақаи хушунатзадаи Қирғизистон
Ҳамзамон бо даъвати интиқоли нерӯҳои байнулмилалӣ ба Қирғизистон бархе гурӯҳҳо аз САҲА хостори тафтиши байнулмилалии ҳаводиси моҳи июн дар вилоятҳои Ӯш ва Ҷалолобод низ шудаанд. Оле Солвинг, пажуҳишгари созмони дидбони ҳуқуқи башар Ҳуман Райтс вотч дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ин мавзӯъ аллакай аз сӯи мақомоти Қирғизистон ва САҲА баҳсу баррасӣ шудааст.

Ба гуфтаи ӯ “мо воқеъан ҳам медонем, ки баррасиҳои тулонӣ сурат гирифтанд, баррасиҳо миёни ҳукумат ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар бораи ҳузури полиси байнулмилалӣ ва ҳамчунин миёни ҳукумати Қирғизистон ва чанд ниҳод дар бораи тафтиши байнулмиллалии ҳаводис. Ва мо умедворем, ки Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар нишасти Алмаато дар рӯзҳои истироҳат баррасии ин мавзӯъро идома медиҳад”.

Солвейг афзуд, ки худи ҳукумати Қирғизистон ҳам сабабҳои рӯх додани ҳаводиси Ӯшро тафтиш мекунад. Ва аммо тафтиши байнулмилалӣ, ба гуфтаи ӯ, барои он зарур аст, ки беэътимодӣ миёни қирғизҳову ӯзбакҳои шаҳр аз байн бурда шавад. Роза Отунбоева имрӯз ваъда дод, ки барои тафтиши низои қавмӣ дар ҷануби кишвар комиссиюни байнулмилалӣ иборат аз намояндагони САҲА, Иттиҳодияи Аврупо ва СММ таъсис хоҳад шуд.

СПАД ба вуруди пулиси байнулмилалӣ мухолиф аст


Дар ҳамин ҳол Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД), ки ба он Арманистон, Белорус, Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбакистон шомиланд, барои артиши Қирғизистон чархбол ва таҷҳизоти низомӣ мефиристад. Ин созмон, бо вуҷуди ризояти Бишкек, ба вуруди полиси байнулмилалӣ ба Қирғизистон мухолиф аст.

Қарор аст, ки дар нишасти ғайрирасмии вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Оқ-Булоқ масоили марбут ба амният дар Аврупо, авзоъ дар Афғонистон ва омодагиҳо ба нишасти сарони кишварҳои узви САҲА низ баррасӣ шавад.

Қазоқистон, ки айни ҳол раёсати даврии САҲА-ро бар дӯш дорад, мехоҳад соли равон мизбони нишасти расмии раҳбарони кишварҳои узв бошад. Бори ахир ин гуна нишаст соли 1999 дар Истамбул баргузор шуда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG