Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақибони футболбозони навраси Тоҷикистон муайян шуданд


Конфедеросиюни футболи Осиё (AFC) ҷадвали бозиҳои мусобиқаи қаҳрамонии Осиё байни футболбозони то 16-соларо тасдиқ кард. Сабқати ниҳоӣ дар пойтахти Узбакистон – шаҳри Тошканд аз 24-уми октябр то 7-уми ноябри соли 2010 баргузор хоҳад шуд.

Ҳамаи бозиҳо дар майдонҳои футболи «Пахтакор» ва «Жар»-и Тошканд доир мешаванд. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ меёбанд.

Чоргонаи беҳтарин аз рӯи натоиҷи мусобиқот ба сабқати ҷаҳонӣ, ки соли 2011 дар Мексика барпо мегардад, роҳхат мегирад.

Дар даври ниҳоӣ ҳамагӣ 16 даста, ки ба чаҳор зергурӯҳ тақсим мешаванд, ширкат хоҳанд кард.

Бар асоси қуръакашӣ дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба гурӯҳи «А» шомил шуд. Дар ин гурӯҳ футболбозони навраси тоҷик бо дастаи мизбон – Узбакистон ва тимҳои Урдуну Индонезия рақобат хоҳад кард.

Қаҳрамони кунунии Осиё дар ин синну сол тими Эрон мебошад, ки дар бозии ниҳоии соли 2008 бар Кореяи Ҷанубӣ бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуда буд. Воқеъан, тими Кореяи Ҷанубӣ дар сабқати интихобӣ ба давраи 14-уми ин мусобиқот роҳ ёфта натавонист.

Ҳайати ширкаткунандагон: Гурӯҳи А: Узбакистон, Тоҷикистон, Урдун, Индонезия. Гурӯҳи В: Эрон, Сурия, Кореяи Шимолӣ, Уммон. Гурӯҳи С: Ҷопон, Австралия, Тимори Шарқӣ, Вйетнам. Группа D: Аморати Муттаҳидаи Араб, Ироқ, Чин, Кувайт.

ТАҚВИМИ БОЗИҲО

24-уми октябр (якшанбе)
15:00 (Гурӯҳи A) Узбакистон – Индонезия
19:00 (Гурӯҳи A) Тоҷикистон - Урдун
17:00 (Гурӯҳи B) Эрон - Уммон
13:00 (Гурӯҳи B) Сурия – Кореяи Шимолӣ

25-уми октябр (душанбе)
15:00 (Гурӯҳи C) Ҷопон - Вйетнам
19:00 (Гурӯҳи C) Австралия – Тимори Шарқӣ
17:00 (Гурӯҳи D) АМА - Кувайт
13:00 (Гурӯҳи D) Ироқ- Чин

26-уми октябр (сешанбе)
19:00 (Гурӯҳи A) Индонезия - Тоҷикистон
15:00 (Гурӯҳи A) Урдун - Узбакистон
13:00 (Гурӯҳи B) Уммон - Сурия
17:00 (Гурӯҳи B) Кореяи Шимолӣ - Эрон

27-уми октябр (чоршанбе)
19:00 (Гурӯҳи C) Вйетнам - Австралия
15:00 (Гурӯҳи C) Тимори Шарқӣ - Ҷопон
13:00 (Гурӯҳи D) Кувайт - Ироқ
17:00 (Гурӯҳи D) Чин – АМА

28-уми октябр (панҷшанбе)
13:00 (Гурӯҳи A) Узбакистон - Тоҷикистон
17:00 (Гурӯҳи B) Эрон - Сурия
13:00 (Гурӯҳи A) Урдун - Индонезия
17:00 (Гурӯҳи B) Кореяи Шимолӣ - Уммон

29-уми октябр (ҷумъа)
13:00 (Гурӯҳи C) Ҷопон - Австралия
17:00 (Гурӯҳи D) АМА - Ироқ
13:00 (Гурӯҳи C) Тимори Шарқӣ - Вйетнам
17:00 (Гурӯҳи D) Чин - Кувайт

1-уми ноябр (душанбе)
15:00 Ғолиби гурӯҳи A – ҷои 2-юми гурӯҳи В
19:00 Ғолиби гурӯҳи B – ҷои 2-юми гурӯҳи A
13:00 Ғолиби гурӯҳи C – ҷои 2-юми гурӯҳи D
17:00 Ғолиби гурӯҳи D – ҷои 2-юми гурӯҳи C

4-уми ноябр (панҷшанбе)
14:00 Ғолиби чорякфинали 1 – Ғолиби чорякфинали 3
17:30 Ғолиби чорякфинали 2 – Ғолиби чорякфинали 4

7-уми ноября (якшанбе)
14:00 Ғолиби нимфинали 1 – Ғолиби нимфинали 2
XS
SM
MD
LG