Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Отунбоева хостори ҳузури полиси аврупоӣ дар Ош шуд


Президенти Қирғизистон Роза Отунбоева дар нишасти хабарии муштарак бо вазирони умури хориҷии Олмон ва Фаронса гуфт, ҳукуматаш интизор дорад, ки Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ба ҷануби Қирғизистон перӯҳои полис хоҳад фиристод. Дар бораи мандати эҳтимолии полиси байнулмилал хонуми Отунбоева чунин гуфт:

"Ин нерӯҳо муваққатан, барои чаҳор моҳ ин ҷо хоҳанд буд. Мо шаҳри Ошро дубора месозем. Масалан, онҳо заруранд, то амнияти шаҳри Ошро таъмин кунанд. Онҳо силоҳ нахоҳанд дошт."


Интизор меравад, ки вазъият дар ҷануби Қирғизистон яке аз мавзӯъҳои баҳс дар ҳамоиши вазирони умури хориҷии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Алматои Қазоқистон хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG